Аввалин дастгоҳи рентгении рақамӣ дар водии Зарафшон

Аввалин дастгоҳи рентгении рақамӣ дар водии Зарафшон
Март 29
16:35 2019

Дар Беморхонаи  Марказии шаҳри Панҷакент дастгоҳи рентгении рақамии истеҳсоли ширкати ҷопонии “Тошиба” бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ  Абдурауф Мамнунзод бо маблағи беш аз 1 млн сомонӣ  харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар ҷараёни ба истифода додани дастгоҳи мазкур муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки дастгоҳи рентгении рақамӣ аввалин таҷҳизоти муосири ташхис дар водии Зарафшон ба шумор меравад.

Масъулин изҳор доштанд, ки тавассути дастгоҳи мазкур минбаъд на танҳо сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент, инчунин беморон аз ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ аз ташхиси дақиқ гузаронида мешаванд, ки нисбат ба маркази вилоят, пойтахти кишвар  ва шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба онҳо наздик ва арзонтар мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 2
  • 100
  • 231
  • 173,765