Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 5 сола шуд

Агентии  давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 5 сола шуд
Март 07
06:11 2019

Агентии  давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти  иҷроия буда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  4 марти соли 2014, №168 “Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст.

Агентӣ фаъолияташро дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар заминаи Стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ ба роҳ мондааст.

Агентии  давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои  таъминоти кафолати хизматрасонии давлатиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.

Агентии мазкур дар тули фаъолияти 5 солаи хеш ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ саҳми назаррас гузоштааст.

                      Фаъолият дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ

Сохтори  Агентии  давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз дастгоҳи марказӣ иборат буда, дар номгӯи системаи он 11 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла 7 муассисаи будубоши доимӣ ва 4 истироҳатгоҳу осоишгоҳ шомил мебошанд.

Айни замон дар муассисаҳои будубоши доимии Агентӣ 1207 нафар бошандагон, аз ҷумла маъюбони гуруҳи якум  287 нафар, маъюбони гуруҳи дуюм  563 нафар, маъюбони гуруҳи сеюм 10 нафар ва 99  нафар кўдакони маъюб дар будубоши доимӣ қарор доранд, ки ба бошандагони ин муассисаҳо 722 нафар кормандон хизмат мерасонанд.

Имконияти осоишгоҳу  истироҳатгоҳҳо дар як басти истироҳат  то  320 кат-ҷойро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар мавсими истироҳатӣ ба ҳисоби миёна 1970 адад роҳхатҳои ройгон ба имтёздорон ҷудо карда мешавад. Масалан, дар соли гузашта 2443  нафар имтиёздорону роҳбаладон  ба табобату истироҳат фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 278 нафар кормандони осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо хизмат мерасонанд.

Баҳри зиёд намудани хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаву танҳо, маъюбон, одамони ғайри қобили меҳнат, бе ҷойи зисти  муайян  ва  шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта дар  шаҳру  ноҳияҳои мамлакат 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ  фаъолият доранд, ки 221 нафар кормандони он ба 965 нафар муштариён ба хизматрасонӣ фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади истифодаи оқилонаи маблағҳои буҷетӣ ва самаранок ба роҳ мондани хизматрасонии иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ 37 маркази будубоши рўзона барои кўдакони имконияташон маҳдуд ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта таъсис дода шуданд, ки фаъолиятро тавассути ташкилотҳои ҷамъиятӣ амалӣ менамоянд.

Аз ҷумла, фаъолияти 35 марказҳои будубоши рўзона барои тавонбахшӣ равона шудааст, ки 564 нафар кормандони ин марказҳо ба 4082 нафар кўдакони имконияташон маҳдуд ва ба 189 нафар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта хизматрасонӣ менамоянд.

Инчунин 2 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ва қурбонии савдои одамон фаъолият менамоянд, ки 25 нафари кормандони ин марказҳо ба 353 нафар истифодабарандагон хизмат расонида истодаанд.

Вобаста ба пешниҳоди шакли хизматрасонии  иҷтимоӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 41 марказу шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки 774 нафар кормандони он ба 5022 нафар ниёзмандон хизматҳои иҷтимоӣ мерасонанд.

                    Фаъолият дар самти  кафолати кўмакҳои иҷтимоӣ

Яке аз шаклҳои муосири дастгирӣ намудани қишри ниёзманди аҳолӣ ҷорӣ намудани низоми нави таъйин ва пардохти кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва  шаҳрвандони камбизоат мебошад.

Таҷрибаи андухташудаи механизми мазкур дар 5 соли охир имконият фароҳам овард, ки он дар 40 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шавад.

Дар маҷмуъ давоми 5 соли фаъолияти Агентӣ ба 366 867 оилаҳои камбизоат кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт карда шуд.

Айни замон 83 нафар корманд, аз ҷумла 72  мутахассиси коргузор оид ба кўмаки унвонии иҷтимоии 40 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ ва 11 нафар кормандони марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозӣ дар самти амалисозии барномаи кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ фаъолият намуда истодаанд.

Бо мақсади муттамарказ гардонидани вазифаҳои воридкунӣ ва коркарди маълумот, мониторинг ва баҳодиҳии раванди таъйин ва пардохти кўмакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ дар шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозии механизми таъйин ва пардохти кўмакпулии иҷтимоии унвонӣ таъсис дода шуда, аз моҳи январи соли 2017 ба фаъолият оғоз намуданд.

Системаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (АСИСТ) дар ҳама шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷорӣ ва тавассути он ҳамаи маълумоти шаҳрвандон тариқи шабакаи интернет ба махзани ягонаи маълумот ворид ва коркард карда шуда, ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ муайян мегардад.

                 Самти мониторинг ва таҳлили соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

Тибқи ваколатҳои худ Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мониторинги татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ менамояд.

Дар ин раванд  ҷиҳати таъмин намудани кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, кӯдакони  ятим, оилаҳои ниёзманди бесаробонмонда ва дигар қишри осебпазири аҳолӣ Агентӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда  истодааст.

Давоми 5 соли охир ҳаҷми кўмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат, ки кўдаконашон дар мактаб­ҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд, 18, 7 миллион сомониро ташкил намуда, ба 637 987 хонан­да  пардохт  карда шуд.

Инчунин дар ин давра ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ  98,5 миллион сомониро ташкил намуда, ба  519 585  оилаҳои камбизоат таъйин ва пардохт карда шудааст.

                    Фаъолият дар самти ҳамкорӣ бо  шарикони рушд

Дар доираи Лоиҳаи грантӣ оид ба “Мустаҳкам намудани соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ”, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ гардид, тули солҳои 2014-2017 чунин корҳо анҷом дода шуданд:

-шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ, аз ҷумла бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот, марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозии барнома ва Агентӣ, дар маҷмуъ бо 115 адад компютер, 197 адад дастгоҳи чопкунанда ва 179 басти мебел таъмин гардиданд;

-бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ба системаи иттилоотии АСИСТ тавассути шабакаи интернет пайваст шуданд;

-маркази иттилоотии коркарди маълумот дар назди Агентӣ ташкил ва бо серверҳои муосири электронӣ таҷҳизонида шуд;

-барои муроҷиаткунандагон баҳри гирифтани кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба миқдори 330 ҳазор нусха шакли варақаҳои барнома ва 170 ҳазор ҷувздон барои нигоҳдории парвандаҳои гирандагони кумакпулӣ табъу нашр гардида, ба онҳо ройгон дода шуданд;

-ба омўзишҳои тахассусӣ ва семинарҳои амалӣ, дар маҷмуъ 735 нафар кормандони ҷамоатҳо, раёсатҳои манзилию коммуналӣ, бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кормандон оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва мутахассисони филиалҳои Бонки “Амонатбонк” ва кормандони Агентӣ ба омўзишҳои тахассусӣ ва семинарҳои амалии сатҳи маҳаллӣ фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади идома додани фаъолият дар самти мусоидати техникӣ ба 28 шаҳру ноҳияҳои боқимондаи ҷумҳурӣ ва таъсис додаи махзани электронии маълумот оид ба маъюбон  Созишномаи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ  оид ба маблағгузории иловагии “Лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” ба имзо расонида шуд, ки  аз моҳи сентябри соли 2018 ба фаъолият оғоз намуд.

Роҳбарият ва кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат тадбирҳои судманд андешида, дар оянда низ кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд бардоранд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 205
  • 219
  • 150,077