Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Тоҷикистон: «Пешгирии бемории «коронавирус» зери назорат қарор дорад»

Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Тоҷикистон: «Пешгирии бемории «коронавирус» зери назорат қарор дорад»
Январ 28
15:26 2020

Имрӯз бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ вобаста ба андешидани тадбирҳои иловагӣ бар зидди бемории «коронавирус», ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст, баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, хадамоти гумрук, Агентии «Тоҷикстандарт» ва намояндагони дигар сохторҳое, ки бо ин масъала алоқамандӣ доранд, иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зикр намуд, ки айни замон дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, вобаста ба масъалаи мазкур аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.

Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва сохторҳои дахлдори он тадбирҳои иловагӣ баҳри роҳ надодан ё ин ки сари вақт пешгирӣ кардани ин беморӣ андешида шуда истодаанд.

Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориши қатъӣ доданд, ки ниҳодҳои дахлдор бори дигар вазифадор карда шаванд, ки зимни гардиши молу мавод дар сарҳад нуқтаҳои сарҳадии рафтуомади шаҳрвандон ва дигар ҳолатҳои эҳтимолии гузариши ин беморӣ зери назорати қатъии сохторҳои масъул қарор дода шаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 116
  • 392
  • 244,934