АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

Ноябр 29
10:10 2012

Дар асоси  “Нишондодҳои ташкилию методӣ ва нақшаи чорабиниҳои   асосии   Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи   гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2012”, ки аз тарафи  Раиси Ҳукумат – Сардори мудофиаи гаждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст ва  фармоиши вазири тандурустӣ –  сардори  Хадамоти тиббии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар заминаи  Маркази миллии тиббии Тоҷикистон  машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ ва азназаргузаронии омодагии бригадаҳои махсусгадонидашудаи ёрии тиббӣ гузаронида шуд.

Дар он муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзоев, кормандони Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ,  мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ в шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

        Дар чорабинӣ бригадаҳои махсусгадонидашудаи ёрии тиббӣ аз  Маркази миллии тиббӣ, Маркази илмӣ- клиникии саратоншиносӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, Маркази ҷумҳуриявии илмии хун, Беморхонаи шаҳрии клиникии “Ёрии таъҷилии тиббӣ”-и шаҳри Душанбе,  Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон иштирок намуда, омодагии қувва ва воситаҳои худро  ҷиҳати  расонидани кўмакитиббӣ   дар шароити  ҳолатҳои фавқулодда  намоиш доданд.

        Дар асоси созишномаи байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Дафтари  Шветсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2009 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 адад госпиталҳои сайёр дода шуда буд ва бо фармоиши вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии тиббӣ, беморхонаҳои вилоятии шаҳрҳои Қўрғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ, беморхонаҳои марказии шаҳри Роғун ва ноҳияи Рашт дар ҳолати омодабош нигоҳ дошта мешаванд.

      Дар  чорабинии  мазкур, бо мутахассисоне, ки ба госпитали сайёр вобаста карда шудаанд,  тамрин  гузаронида шуда,омодагии онҳо   барои  фаъолият  дар  шароити  рўй додани  офатҳои табиӣ, садамаҳо, сар задани  бемориҳои  сироятӣ  дар  замони осоишта  ва  давраи  ҷанг аз назар гузаронида  шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 112
  • 288
  • 100,276