Аз фаъолияти нимсолаи вазорат натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти нимсолаи вазорат натиҷагирӣ карда шуд
Июл 13
13:40 2019

Имрӯз, 13 июли соли равон дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон Шифобахш оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли 2019 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар кори ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Гулмаҳмадзода, муовинони вазир Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ,  шаҳри Душанбе, роҳбарони хадамотҳо, раёсатҳо ва муассисаҳои тандурустии зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида,  баъдан оид ба фаъолияти шашмоҳаи вазорат дар соли 2019 муовини вазир Мирҳамуддин Камолзода баромад намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол чорабиниҳои зиёде вобаста ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба монанди Конгресси кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, конференсияҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами сироят бо вируси норасоии масунияти одам, бемории сил, норасоии ғизо, вобаста ба кори ҳамширагӣ ва ғайра гузаронида шуданд ва боз баргузории Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои тавонбахшии маъюбон, Конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тандурустии давлатаҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назар аст.

Зикр гардид, ки давоми 6 моҳи соли 2019 аттестатсияи муассисаҳои давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор, Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ва Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом, инчунин ташхиси иҷозатномадиҳии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ, муассисаҳои ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода, Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ ва Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон – и ноҳияи Ёвон гузаронида шуд.

Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, фаъолият дар самти мазкур дар 6 моҳи соли 2019 давом дода шуд. Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 612 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 41 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 118 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 29 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 37 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 31 нафар аз давлати Исроил ва боқимонда аз ҷумҳуриҳои мухталиф – давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд. Дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара» то имрӯз ба 73 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст, ки 7 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар 6 моҳи соли 2019 дар муассисаи мазкур ба 12 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст.

Бояд зикр кард, ки дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 580 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил гардида, дар шаш моҳи соли 2019 ба 40 717 нафар кӯдакон амалиёти хатна гузаронида  шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар соҳаи фарматсевтии мамлакат бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, фаъолияти бисёре аз муассисаҳои фарматсевтӣ ва табобатию пешгирии ҷумҳурӣ таҳти назорат қарор дода шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти 588 муассисаҳои фарматсевтӣ зери санҷиш қарор дода шуданд (аз 553 муассисаи зери санҷиш қарор дода шуда, 305 муассисаи фарматсевтӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ), ки дар натиҷа нисбати шахсони воқеию, ҳуқуқӣ, мансабдор, 279 протоколу қарор оид ба вайрон намудани қоидаҳои фаъолияти фармасевтӣ тартиб дода шуда, ҷамъ ба маблағи умумии 718 640 сомонӣ ҷарима ба буҷаи давлат супорида шудааст. Инчунин, 225 муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва 415 нуқтаи савдои маводҳои ороишию гигиенӣ  зери назорат қарор дода шуданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 101 335 кг маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизоии қалбакӣ, пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда, мӯҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд, ки 91 791 кг-ро танҳо маводҳои доруворӣ ташкил менамояд.

Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми 6 моҳи соли 2019 нишон медиҳад, ки бемориҳои вараҷа, сироятҳои ниҳоят  хавфнок ,ба монанди таби хунин, вабо  ва тоун  ба қайд гирифта нашуда, нишондоди гепатитҳои вирусии А, В, С ва кулли дигар бемориҳои сироятӣ дар як сатҳ қарор доранд.

Пас аз баромади муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе оид ба фаъолиятҳои хеш ба саволҳои вазир посух доданд.

Аз ҷумла, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода аз вазъи иҷрои нокифояи протоколҳои клиникӣ, масъалаҳои фавти модар ва кӯдак,  солимии репродуктивӣ, зоишҳои хонагӣ, хатнаи кӯдакон, муроҷиати такрории шаҳрвандон, коррупсия ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа дар вилояти Хатлон  изҳори нигаронӣ намуд.

Бо назардошти мушкилотҳои мавҷуда вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода доир ба рафъи камбудиҳои мавҷуда ба сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода супоришҳои мушаххас дода, инчунин таъкид намуд, ки дар сурати дар муҳлати муайянгардида ислоҳ нашудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта  нисбати масъулини соҳаҳои болозикр дар ин вилоят чораҳои мушаххас андешида мешавад.

Дар идомаи ҷаласа Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мушкилот ва камбудиҳои соҳа дар вилояти Суғд низ ибрози андеша намуда,  қайд кард, ки мутаассифона, мушкилотҳои болозикр дар ин вилоят низ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, ӯ аз истифодаи чандкаратаи мавод ва ашёҳои тиббӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд, гирифторшавии шаҳрвандон ба гепатитҳои вирусӣ, иҷрои нокифояи протоколҳои клиникӣ, хатнаи нокифояи кӯдакон, ҳолатҳои коррупсионӣ миёни кормандони соҳа дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ карда, баҳри рафъи онҳо ба сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода супоришҳои мушаххас дод.

Инчунин фаъолияти нимсолаи раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар идомаи ҷаласа мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта, баҳри бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта  ба сардорони раёсатҳои мазкур аз ҷониби вазир супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дар идомаи ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Насим Олимзода аз арзу шикоят ва маводҳои танқидие,  ки нисбат ба фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ дар сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ  ва ВАО-и кишвар  нашр ва пахш мешаванд, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки мутаассифона, фаъолияти ғайрикасбии як нафар корманди соҳаи тандурустӣ метавонад ба обруи вазорат дар ҷомеа латма бизанад. Бинобар ин, зарурат пеш омадааст, ки минбаъд нисбати дилхоҳ корманди соҳа, ки дар фаъолияти худ ба саҳлангорӣ ва хатогӣ роҳ медиҳад, чораҳои мушаххас, аз тандеҳ додан то озод намудан аз вазифа андешида шавад.

Зафар Гулмаҳмадзода, муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур зиёд шуда истодааст.

Номбурда дар бораи фаъолияти нимсолаи вазорат ва масъалаҳои муҳими дар ҷаласа муҳокимагардида мухтасар андешаронӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бояд нисбати касби хеш боэҳтиром бошанд ва қадри халати сафеди дар тан доштаашонро бидонанд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, табиб будан дар баробари ифтихор, инчунин масъулияти бузург доштан дар назди давлат ва миллатро аз шахс талаб менамояд.

Аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба директорони Маркази матбуот ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” супориш дода шуд, ки бо мақсади пурзур намудани корҳои фаҳмондиҳӣ дар байни аҳолӣ баҳри пешгирӣ аз ҳар гуна беморҳо корҳои тарғиботию ташвиқотиро бо ВАО пурзӯр намоянд.

Дар охири ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода оид иҷрои нақшаи буҷет, татбиқи қарори 600, муоинаи пеш аз никоҳ ва муоинаи мактаббачагон, ташхиси ВИЧ/СПИД, муносибату муоширати табибон, харидории маҳсулоти ватанӣ,  рақамикунонии соҳаи тиб,  корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саривақт баррасӣ намудани арзу шикояти шаҳрвандон ва бартараф намудани дигар мушкилоти мубрами соҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 16
  • 300
  • 179,770