Айнӣ: 70 нафар кӯдакони маъюб ба истироҳат фаро гирифта шуданд

Айнӣ: 70 нафар кӯдакони маъюб ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Август 03
06:45 2019

70 нафар кӯдакони маъюб бо ҳамроҳии волидони хеш ва кормандони тавонбахшӣ аз ноҳияи Айнӣ дар зарфи  як ҳафта дар осоишгоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) истироҳат карданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба moh.tj иттилоъ доданд, ин иқдом дар чорчубаи Лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва созмони Каритаси Олмон маблағгузорӣ мешавад, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дар ҳамкории зич бо ташкилотҳои ҷамъиятии “АЗИТ” ва “ДАРО” амалӣ гардид.

Кӯдакони маъюб, ки боре ҳам аз ноҳия берун набаромадаанд, ба истиснои ба беморхона рафтан ва дар бисёр мавридҳо бинобар сабаби нуқсҳои биниш, шунавоӣ, нутқ, ҳаракат ва зеҳниашон дар хона боқӣ мемонанд, воқеан вақти худро дар лагери тобистона хеле хуш гузарониданд.

Барномаи тафреҳӣ асосан аз машқҳои пагоҳирӯзӣ, расмкашӣ, ширешкорию гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, кулолгарӣ, оббозӣ, шеъру сурудхонӣ, рақс, мусобиқаҳои варзишӣ ва аз бисёр чорабиниҳои дигари фарҳангию варзишӣ ва ҳунарӣ иборат буд. Илова бар ин, дар соатҳои оромӣ барои волидайн машваратҳои равонӣ оид ба тарбияи дурусти кӯдакони дорои маъюбият гузаронида шуданд.

Аз соли 2010  бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва созмони Каритаси Олмон  ду лоиҳа дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Деваштич бо муваффақият иҷро шуд. Айни замон дар ноҳияҳои Шаҳритуз ва Айнӣ ду лоиҳаи дигар амалӣ мешавад, ки ҳадафи онҳо беҳтар кардани сифати зиндагӣ ва ҳамгироии иҷтимоии шахсони маъюб тавассути татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 180
  • 231
  • 173,845