Академияи илмҳои тиб 10 сола мешавад

Академияи илмҳои тиб 10 сола мешавад
Июн 14
16:56 2019

Имрӯз, 14 июн дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология” Сесияи ҷашнии солонаи илмӣ бахшида ба 10 –солагии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Фарбеҳӣ-мушкилоти аср” баргузор гардид.

Дар кори Сесия Саидов Абдусаттор, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуралӣ Асозода, президенти Академияи  илмҳои кишоварзӣ, Ғуломқодир Бобизода, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Бобоҷон Муъминзода, мудири Шӯъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, биологӣ, бойторӣ ва аграрии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара Убайдулло Қурбон, сардори шӯъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Нарзулло ва намояндагони як қатор муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Сесияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Алиҷон Ғоибзода, президенти Академияи илмҳои тиб ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба чорабинӣ хайрамақдам намуд.

Ӯ дар идомаи суханронии хеш аз таърих ва фаъолияти академияи мазкур ёдовар шуда, аз ҷумла иброз намуд, ки таъсисёбии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба иқдому ташаббуси  созандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад, ки барои дастгирии ворисони Синои бузург ва пешрафти илми тибби тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ такони ҷиддие ворид намуд.

-Олимони Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ қуллаҳои баланди илмро соҳиб гардида, дар баъзе нишондодҳо аз олимони мамолики мутаррақӣ мондание надоранд. Коркардҳои илмии нав, ошкор ва ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобати бемориҳои гуногун, вобаста ба талаботи замон ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмии соҳаи тиб бо истифода аз технологияи муосир дар самтҳои ҷарроҳии дилу рагҳо, гастроэнтерология, акушерӣ, тибби профилактикӣ, пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, стоматология, осебшиносӣ аз ҷумлаи он дастовардҳое мебошанд, ки дар муддати кутоҳ ба даст омадаанд.  Боиси ифтихор аст, ки бо  заҳматҳои рӯзмарраи  масъулини академия робитаҳои илмӣ байни мамолики дуру наздик аз  нав барқарор ва пайваста густариш меёбад,-афзуд ӯ.

Пас аз баромади Алиҷон Ғоибзода, президенти Академияи  илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон ба минбари сухан баромада, бахшида ба 10-солагии таъсисёбӣ роҳбарият ва кормандони ин ниҳоди тиббиро табрик намуданд.

Аз ҷумла сардори шӯъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорат Мирзоалӣ  Нарзулло паёми табрикотии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзодаро бахшида ба 10-солагии таъсисёбии Академияи илмҳои тиб ба ҳозирин расонид.

Ҳар кадоме аз  баромадкунандагон зимни паёми табрикотии  хеш аз рушди бемайлони илми тиб дар кишвар ёдовар шуда, иброз намуданд, ки  саҳми Академияи илмҳои тиб дар пешрафти соҳаи мазкур воқеан қобили ситоиш ва зикри хос мебошад. Инчунин, аз ҷониби як қатор меҳмонон ба президенти Академияи илмҳои тиб Алиҷон Ҷуразода Сипоснома ва Ифтихорнома тақдим карда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ оид ба “Саҳми академия дар рушди илми тиб” ноиби президенти Академияи илмҳои тиб Аҳмадзода С.М., дар мавзӯи“Фарбеҳӣ-проблемаи аср” академик Мироҷов Ғ.Қ., баромад намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки раёсати академия дар давоми солҳои 2015-2019 дар Комиссияи экспертӣ доир ба илмҳои тибби Сексияи илмҳои биологӣ, тиббӣ ва кишоварзии Шӯрои координатсионии КИТ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 43 лоиҳаи илмии муассисаҳои илмии тандурустиро мавриди баррасӣ қарор дод, ки аз онҳо 25 лоиҳа барои аз ҳисоби буҷаи мамлакат маблағгузорӣ шудан баҳои мусбӣ гирифтанд.

Инчунин  дар ин давра бо мақсади шиносоӣ аз кори олимони соҳаи тиби кишвар ҳайати расмии олимони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Германия, Хитой, Ҳиндустон ва Қазоқистон  ба Академияи  илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарият ва кормандони он  мулоқот ва рушди ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади таъмин намудани ҳамоҳангии фаъолияти муассисаҳои илмии соҳаи тандурустӣ, ворид намудани дастовардҳои ҳозиразамони илмӣ ва усулҳои нави ташхис ва табобат дар тибби амалӣ, сифатан беҳтар намудани нерӯи кадрӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 494 аз 31 августи соли 2009) Муассисаи давлатии «Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурусти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 117
  • 501
  • 161,567