АКНУН ДОНОРОН ДАР ШАРОИТИ БЕҲТАР ХУН СУПОРИДА МЕТАВОНАНД

Феврал 06
18:46 2012

3 феврали соли 2012 дар Маркази хариди доруворӣ маросими ботантанаи супоридани кӯмаки башардӯстона ба Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни   Вазорати тандурустӣбаргузор  гардид.

         Ба Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Вазорати тандурустӣБарномаи Рушди СММ кӯмаки башардӯстона – чаҳор мошини муҷаҳҳази махсусгардонидашударо бо маблағи умумии зиёда аз 800 ҳазор доллари амрикоӣ супорид.

               Дар маросими супоридани кӯмак  муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Ҷобирова ва иҷрокунандаи вазифаи муовини Директори минтақавии Барномаи Рушди СММ Андрей Погребняк ширкат доштанд.

            Муовини аввали вазир Саида Ҷобирова дар сухани ифтитоҳии худ нақши шариконро дар таъмини таҷҳизоти тиббӣ,  боло бурдани сифату сатҳи расонидани хизматҳои тиббӣ хеле хуб арзёбӣ намуда, ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуд.

            Иҷрокунандаи вазифаи муовини Директори минтақавии Барномаи Рушди СММ Андрей Погребняк дар суханронии худ зикр намуд, ки  Маркази илмии хун  яке аз шарикони асосӣ ва муваффақи  Барномаи рушди СММ ба шумор рафта, барои паст кардани сатҳи ВНМО/БПНМ дар миқёси ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузорад. Аз ин рӯ барои амалигардонии бомуваффақияти ин лоиҳаҳо Барномаи  Рушди СММ  марказҳои хуни ҷумҳуриро  бо лавозимоти зарурӣ, тестҳо, таҷҳизоти навтарин, воситаҳои нақлиёт ва маводи тиббӣ барои дастгирии ташаббуси хайрхоҳонаи донории хун таъмин менамояд.

             Чӣ тавре, ки директори Маркази ҷумҳуриявии илмии хун Азиз Одинаев иброз намуд, -«дар давоми соли гузашта зиёда аз 30 000 нафар донорон ба марказҳои ҷумҳуриявӣ хун супориданд. Ин автомобилҳо имконият медиҳанд, ки минбаъд сифат ва шароити гигиенӣ-санитарии қабул кардани хуни донорон беҳтар гардад  ва бо истифода аз ин мошинҳо барои соли равон ба маротиб зиёд шудани сафи донорони хун дар назар аст. Ҳамчунин ин автомобилҳо имконияти ба ноҳияҳои дурдасттарини кишвар рафтану қабул кардани хунро доранд», – илова кард директори марказ.

            Истифодаи ин автомобилҳо барои таҳкими захираҳои хадамоти хун дар роҳи болобарии сатҳи донории хайрхоҳона ва бехатар ҳиссаи хубе мебошад.

Маркази матбуоти ВТ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 51
  • 314
  • 109,806