Амалии “Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2017” мавриди баррасӣ қарор гирифт

Амалии “Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2017” мавриди баррасӣ қарор гирифт
Июн 30
11:10 2017

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат масъалаи амали “Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2017” ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Директори Маркази ҷумҳуриявии эндокринологӣ Тоҳир Тағоев аз рафти амалишавии барнома дар кишвар, муваффақиятҳои бадастомада маълумот дода,  дар баробари ин мушкилоти  ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дод.  Сардорони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз рафти амалишавии Барнома дар қаламрави вилоятҳо ахборот доданд. Фарогирии беморони гирифтори диабети қанд , таъмини онҳо бо  инсулин,  ба роҳ мондани табобати баландсифати кӯдакони гирифтори диабети қанд, назорати доимии онҳо аз ҷониби табибони эндокринолог ва  амалиётҳои мухталифи ҷарроҳиҳои гирифторони ин беморӣ мавриди таҳлилу баррасии мутахассисони соҳа қарор гирифт. Бояд қайд кард, ки айни замон ҷарроҳиҳои метаболикии гирифторони бемориҳои ғадуди зери меъда дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон бо муваффақият ба роҳ монда шудааст. Имрӯз талабот ба чунин намуди ҷарроҳиҳо  дар кишвар кам нест ва аз ҷониби мутахассисони тоҷик  ба роҳ мондани ин намуди ҷарроҳиҳо шаҳрвандони моро аз  сафар ба кишварҳои хориҷ ва сарфи маблағҳои зиёд боздошта тавонист. Зимнан зикр бояд кард, ки тамоми намуди ҷарроҳиҳои метаболикӣ дар дохили кашвар ба маротиб арзонтару қулайтар аст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 204
  • 382
  • 47,537