Амнияти иттилоотӣ кафили амнияти ҷаҳон

Амнияти иттилоотӣ кафили амнияти ҷаҳон
Октябр 17
07:58 2018

«Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд. Зеро тавре ки аз мазмун ва моҳияти қонунгузории мамлакат оид ба васоити ахбори омма бармеояд, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо мебошад».

                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

             Дигаргуниҳои куллӣ дар сохтори геополитикии ҷомеаи чаҳонӣ ва аз нав тақсим шудани геополитикаи ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷаҳони муосир тадриҷан ба давраи сифатан нави тараққиёт ва ҳамзамон, дому хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Тақсимоти нави геополитикаи ҷаҳони муосир замоне ба вуқуъ омад, ки ҷаҳони дуқутба ба як қутб роҳсипор шуд, ки қутби аз байн рафта Ҳокимияти Шӯравӣ маънидод мегардад.

Ба вуқуъ омадани тақсимоти нави ҷаҳон миёни абарқудратон ва қудратталабон ба ҳаёти башарият тағйироти қуллӣ ба миён овард. Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни  замон таҳдидҳои ҷиддиро ба хаёти башарият ворид сохтааст.  Таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути васоити ахбори омма, ки он дорои неруи бузурги таъсиррасонанда аст, эҳсос мегардад ва дар баробари талқини сулҳу субот ва неъмати оромӣ, ҳамзамон иттилоот ва ВАО дар тарғибу ташвиқи гурӯҳу созмонҳои террористӣ, ки ин зуҳурот бошандагони сайёраро ба ҷунбиш гузоштааст, нақши муҳимро касб кардааст. Ҳамзамон, ВАО дар пиёда шудани манфиати ин ё он қувваву гурӯҳҳои муайян ба тариқи мушаххас истифода мешаванд ва таҷрибаи дилхоҳеро низ баҳри қувваҳои манфиатҷӯ ба бор овардаанд.

Ба миён омадани мафҳумҳое, ба монанди «ҷангӣ иттилоотӣ» дар ҷаҳони муосир нигарониву таассуфи сиёсатмадорону коршиносони байналмилалиро ба бор овард.

Ҷанги иттилоотӣ таърихи кӯҳан дошта, ба ақидаи муҳаққиқон ин мафҳум бо пайдоиши давлатҳо ва мухолифату рақобати байни онҳо ташаккул ёфтааст, вале аввалин маротиба муҳаққиқи канадагӣ Маршалл Маклюэн солҳои 60-уми асри ХХ дар бораи ҷанги иттилоотӣ ба тарики ошкор дар матбуот навиштааст. Профессор Маршалл Маклюэн доир ба ҷанги иттилоотии ИМА гуфтааст, ки «Ветнам аввалин ҷанги телевизионии ИМА буд. Ҷангҳои қаблӣ бо кӯмаки кинову расм ва сурату матбуот бурда мешуд. Ба ақидаи муҳаққиқон «Ҷанги иттилоотӣ ин таъсиррасонии нақшавӣ ба тамоми системаи иттилоотиву иртиботии душман ва давлатҳои бетараф бо мақсади ташаккул додани фазои мусоиди ҷаҳонии иттилоотӣ барои гузаронидани амалиётҳои сиёсӣ мебошад, ки назорати аксари ин фазоро таъмин менамояд». Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар замони муосир ҷанги иттилоотиро асосан кишварҳои абарқудрату қудратталаб ва ташкилоту қувваҳои бузурги ҷаҳон барои амалисозии ҳадафҳои геополитикии худ истифода мебаранд.

Мувофиқи гуфтаҳои коршиносону таҳқиқгарон терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ, бахусус терроризми динӣ ташкилшудаи дасти абарқудратон, бо мақсади пиёдасозии манфиат ва сиёсати онҳо аст. Яке аз василаву роҳҳои аслии то ин ҳад қувваву қудрати бузургро ба даст овардани ин вабои замон, тариқи иттилоот муаррифӣ шудани тахайюли ақоиди бофтаву осмонии онҳо мебошад, ки гуё заҳмат ба дин менамоянду вале дар асл ҷуз қатлу куштори ваҳшиёнаи сокинони осоишта ва амалисозии барномаҳои хоҷагони пасипардагии онҳо дигар чизе нест. Имрӯзҳо мақомоти амниятии кишварҳои сайёра аз паи маҳву нобудсозии роҳҳои вусъатёбиву инкишофи гурӯҳҳои террористӣ бо мақсади пурра аз байн бурдани ин мушкилоти глобалӣ афтодаанд. Яке аз василаи аслии ба шикаст рӯ ба рӯ нашудани созмонҳои террористӣ, ин аз байн бурдани роҳҳои таблиғотии он буда, дар ин самт садҳо ва аз он бештар сомонаҳои интернетии таблиғотии гурӯҳҳои террористӣ ошкор ва қисме аз онҳо бекор карда шуда, қисми дигар зери назорати қатъӣ қарор гирифтаанд. Мутмаинем, чунин амалҳои сулҳҷӯёна гурӯҳҳои террористиву экстремистиро ба шикасти ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Инъикоси воқеоти даҳшатафкани гурӯҳҳои терорристӣ то куҷо ба манфиати кор аст?

Солҳои охир аксар мамлакатҳои дунё кушиши сохтани ҷомеаи глобалии иттилоотиро доранд. Лекин рушди иттилоотикунонӣ дар баъзе кишвархо бинобар як катор омилҳои сиёсӣ, иктисодӣ ва техникӣ боз дошта шудааст. Кишварҳои сатҳи тараққиёташон гуногун ба рушди Интернет муносибати хоса менамоянд. Вале дар баробари манфиатҳову саҳмгузории интернет ба пешрафти ногусастании ҳаёти ҷамъияӣ хислатҳои манфии онро низ бояд андеша кард ва ин масъаларо набояд нодида гирифт. Агар каме ба рӯзҳои аввали таъсисёбии гурӯҳҳои террористӣ, бахусус созмони ифротии ба ном «Давлатӣ исломӣ» назар афканем, бармеояд, ки чунин гурӯҳҳо маҳз дар қатори ташкил шудани сомонаҳои таблиғотии худ, ҳамзамон зери муаррифиҳои дар умум ВАО-и ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо намудаанд, яъне ВАО байналмилалӣ аз ташкил ёфтани чунин гурӯҳҳои ифротгароӣ ва қудрату тавоноии онҳо ба сокинони олам маълумот пешниҳод намуданд ва дар баъзе ҳолат аз даъвати онҳо гуё ба ҷиҳоду хизмат, ки баён менамуданд, маълумотҳои муфассал пешниҳод мегардиданд. Дар натиҷа, баъзе аз сокинони гумроҳу кӯтоҳандеши мамолики сайёра азми пайвастшавӣ ба онро намуда, ҳамзамон қувваҳову созмонҳои манфиатхоҳ бо пайдо намудани маълумот оид ба мақсади аслии чунин гурӯҳҳо ва қувваву тавоноии онҳо шояд бо сарпарастиву таъмини лавозимоти ҷангиву дигар омилҳои тавоноӣ азм намуданд, ки мақсади онҳо низ пеш аз ҳама, пиёда намудани ҳадафи худ мебошад. Маҳз чунин омилҳо, яъне бо мақсади расонидани иттилооти нав ба омма ва огоҳонидани сокинон аз зуҳури чунин гурӯҳҳои ифротгароӣ, ки билохира ба манфиати созмонҳои террористӣ анҷомид, боиси шуҳратёр гардидан ва дар заминаи он қувваву тавоноӣ ба даст овардани созмонҳои террористӣ гардид. Аммо то имрӯз бархе аз сиёсатмадорони кишварҳои мухталифи олам зимни баромадҳои хеш иброз менамоянд, ки «инъикоси ахбори воқеӣ ва фаврӣ оид ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва низоъҳои динӣ, ки ҳоло дар бархе аз кишварҳои мусалмонӣ ё исломӣ доман задааст, яке аз рисолатҳои асосии фазои иттилоотии кишварҳои ҷаҳон дониста мешавад». Воқеан, бо таҳлилҳои амиқ берун овардани ҳадафҳои созмону гурӯҳҳои террористӣ аз зери пардаи барои қисми беши бошандагони сайёра ниҳонбуда ва самти аслии фаъолияти онҳо ба манфиати кор хоҳад буд, аммо инъикоси   фаврӣ оид ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва низоъҳои динӣ ва нишон додани тавоноии гурӯҳҳои терористиву ифротгароӣ аз манфиат берун буда, метавонад баръакси ҳол, ба хости ташкилгарони ин вабои замон анҷомад.

Оё истилоҳи «Амнияти иттилоотӣ» муқобили озодии баён аст?

Имрўзҳо миёни  ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд нафароне, ки истилоҳи «амнияти иттилоотӣ»-ро  мушкили расонаии ҳукумат  маънидод менамоянд.  Оё дар чунин вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки он ҳам печ дар печ будани авзоъи сиёсии қисме аз кишварҳои олам, бахусус мамолики мусалмониву аҳолии мусалмондошта, ба мисли Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, Лубнону Урдун ва анҷом ёфтани амалҳои инфиҷории террористӣ дар мавзеъҳои мухталифи олам, ҳамзамон хурӯҷ ва доманпаҳннамоии гурӯҳҳои террористӣ ба мавзеъҳои мухталифи ҷаҳон, дар ҳоли идомаёбӣ қарор гирифтани ҷанги иттилоотӣ дар сайёра ва дигар мушкилоту проблемаҳо метавон аз амнияти иттилоотӣ наандешид? Дар сурате, ки имрӯзҳо ҷанги иттилоотӣ дар ҳоли идомаёбӣ қарор дорад, пас чаро барномаҳое, ба мисли амнияти иттилоотӣ вуҷуд надоштаасту ин танҳо ба манфиати давлатӣ будааст?  Ин ва дигар суолҳое ҳастанд, ки аз нафарони «амнияти иттилоотӣ»-ро мушкили расонаии ҳукумат  эътирофнамуда посух талаб менамоянд.

Амнияти иттилоотӣ ин ҳушдор ва хитоб ба қаламдоронест, ки ҷиҳати ба даст овардани манфиат ва дар ин росто пиёда шудани сиёсати ин ё он қувва даст ба ахбороти иғвобарангезу гумроҳкунанда мезананд, ки чунин ҳолат заминагузори нооромӣ ва ба пирузӣ комёб гардидани қувваҳои беруна дар ҷанги иттилоотӣ бо ин ё он кишвар мегарданд. Маврид ба таъкид аст, ки ВАО-е, ки самти фаъолияташ ба иғвобарагезиву иғвоситезӣ равона гардидааст, маҳз ташкилкардаи дасти гурӯҳҳои беруна ва манфиатҷӯ мебошад.

Бархе аз олимон ақида доранд, ки вазъи ҳосилшуда ва афзоиши таъсири ВАО-и хориҷӣ ба афкори умум дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии  мамлакатҳо метавонад тахдид ба бор оварад.   ВАО-и хориҷӣ имрӯз дар тамоми гӯшаву канори олам фаъол буда, он мутааллиқ ба кишварҳои қудратманд ва дар ҷанги иттилоотии давр ҳамчун абарқудрат шинохташуда мебошанд.

Имрӯзҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон низ фаъолияти расонаҳои иттилоотии хориҷӣ ва хусусӣ ба таври назаррас ба роҳ монда шудаанд. Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад.  Чунонки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар таҷлили 100- солагии матбуоти тоҷик зикр намуда буданд: «Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон шумораи расонаҳои хабарии мустақил хеле афзудааст ва аз лиҳози миқдор ҳоло онҳо нисбат ба расонаҳои хабарии ҳукуматӣ ба маротиб зиёданд”.

Маврид ба таъкид аст, ки   дар Тоҷикистон соли 1991 ҳамагӣ 139 адад рӯзномаву маҷалла вуҷуд дошт, ки аз ин шумора фақат чор рӯзнома хусусӣ буд. Ғайр аз ин, ҳамагӣ як агентии иттилоотии давлатӣ фаъолият мекард. Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон 446 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 270- тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Аз даҳ агентии иттилоотӣ, ки ба қайд гирифта шудааст, нӯҳ агентӣ ғайриҳукуматӣ аст. Ҳоло дар мамлакат 44 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 шабакаи радиову телевизион хусусӣ мебошад. Фаъолият бурдани ин ҳама рўзномаву маҷаллаҳои ҷамъиятиву хусусӣ, шабакаҳои интернетиву радиоиву телевизионӣ дар пур кардани фазои иттилоотии кишвар нақши калидиро касб намудаанд, аммо аз нигоҳи дигар дар баъзе ҳолатҳо пешниҳод гардидани маводҳои яксамта ба шуури омма таъсири манфӣ расонида, мушкилоти зиёд ба бор меоварад. Дар ҳама сурат амнияти иттилоотиро мебояд ҳифз намуд.

Суғдмеҳри Маъруфзод

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 66
  • 288
  • 100,230