Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст…

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст…
Январ 07
15:21 2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  махсус зикр намуданд, бояд китобхонаҳо ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.

Ҳамзамон, Сарвари давлат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Воқеан, китоб қиматтарин падидаи фарҳангист. Кулли одамони бомаъри­фати олам китобро чун гавҳари қиматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Аз ин ҷост, ки инсонҳо нисбати китоб ва китобдорон бо­эҳти­ром сухан меронанд. Ҳалқи тоҷикро ҷаҳониён аз замони қадим таввасути илм, адабиёт ва санъат мешиносанд, ки онҳоро маҳз китобҳо ҳифз намуда, то замони мо овардаанд.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон ба табибони кишвар муроҷиат карда мегӯянд: “сухани хуб ними табобат аст”. Аз ин рӯ, сухандониву ширинзабонӣ ва эҳтироми табибон нисбат ба беморон маҳз дар пайи мутолиаи асарҳои бадеӣ, азёд намудани шеъру рубоӣ ва мутолиаи дигар жанрҳои бадеӣ ба миён меояд.

Воқеан, табиб, ки наҷотдиҳандаи ҷони инсон ном бурда мешавад, дар баробари ҳунару маҳорати табибӣ, ҳамзамон сухандонӣ ва муомилаву муоширати сатҳи баланди он низ метавонад  ба дарди беморон даво бахшад.

Таърих гувоҳ аст, ки илми тиб бо адабиёт пайванди ногустанӣ дорад. Осори ҷовидонаи падари тибби олам-Абӯалӣ ибни Сино дар ин ду самт гуфтаҳои болоро тасдиқ менамояд. Ин фарзонафарзанди тоҷику форсро дар ҷаҳон на танҳо ҳамчун табиби ҳозиқ медонанд ва эътироф менамоянд, ҳамзамон ӯро яке аз адибони барҷастаи ҷаҳонӣ низ дар тамоми олам мешиносанд.

Боиси сарфарозист, ки имрӯз дар байни табибони кишвар нафарони зиёде пайдо мешаванд, ки дар баробари фаъолият дар ин пешаи муқаддас, ҳамзамон, ба қалам низ сару кор доранд. Имрӯз метавон нафарони зиёдеро пайдо намуд, ки дар баробари табиб будан, ҳамзамон  шеър мегӯянд ва соҳибкитоб мебошанд.

Дар партави дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба китобу китобхони рӯ овардани шаҳрвандон, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Китобонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тибби”-и Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо иштироки он табибоне, ки соҳибкитоб мебошанд ва ба адабиёт низ сару кор доранд, маҳфилҳои фарҳангиро ташкил ва баргузор намояд.

Зеро, бо баргузор намудани чунин чорабиниҳо мо  на танҳо табибон ва донишҷӯёни соҳаи мазкурро ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ҷалб менамоем, балки бо ин роҳ завқи эҷодии ин табақаро низ метавонем баланд бардорем.

Муассисаи давлатии “Китобонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тиббӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз китобхонаҳои калонтарини кишвар маҳсуб ёфта, 6 январи соли 1931  таъсис дода шудааст.

Китобхонаи мазкур дар муддати беш аз 85 соли фаъолияти хеш барои тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути фонд (хазина) ва шаклу намудҳои фаъолияти китобдорӣ корҳои назаррасро анҷом додааст. Китобхонаи мазкур дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо сармашқи кори худ қарор дода, пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, ки хонандагони  китобхона дар шароити хуб ба мутолиаи асарҳои барояшон лозима машғул шуда, сатҳи дониши назариявии худро такмил дода, ҳамчун шахсиятҳои бофарҳангу маърифатнок ва табибони  дорои дониш ва ҷаҳонбинии баланд ба  ҷомеа хизмат расонанд.

Маврид ба зикр аст, ки соли равон бо дастгирии бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Насим Олимзода бинои фарсудаи китобхонаи вазорат пурра таъмир шуда, симои хешро дигар намуд.

Ҳамзамон, Муассисаи давлатии “Китобонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тиббӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мебелҳои замонавӣ ва рафҳои китобмонӣ таъмин гардида, васоити равшанидиҳанда, шамолдиҳӣ ва гармидиҳандаю зидди сӯхтории он ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Инчунин, пас аз тамъир гардидан саҳни бинои китобхона  бо шиору лавҳаҳои “Муқаддасоти миллӣ”, “Соли 2019-2021 –Соли рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дигар овезаҳо оро дода шуд Бояд гуфт, ки китобхонаи мазкур тўли чанд соли охир боре ҳам таъмир нашуда буд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки соли 2019 5 нафар кормандони Муассисаи давлатии “Китобонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тиббӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омўзишии “Фаъолияти китобдорӣ- иттилоотӣ”- ро дар назди Маркази такмили ихтисоси Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” хатм намуда, бо сертификат сарфароз гардонида шуданд.

Дар китобхонаи мазкур 23 нафар кормандон ва 11 нафар китобдорон фаъолият менамоянд.  Барои хонандагон дар ду толор 13 компютер васл шудааст, то ки муштариён тавассути шабакаи интернетӣ маводи навтарини заруриашонро пайдо карда, ҳамзамон, ба хазинаи китобхона ворид гарданд.

Инчунин, дар китобхонаи мазкур  барои хонандагон таҳти унвонҳои “Адабиёт оид ба остеохондроз”, “Адабиёт оид ба касалиҳои ҷигар”, “Адабиёт оид ба касалиҳои сил”, “Адабиёт оид ба кардиология”, “Адабиёт оид ба ревматизм” ва дигар намоишҳои доимамалкунандаи китоб ташкил карда шудаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки сол то сол теъдоди хонандагони  Муассисаи давлатии “Китобонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тиббӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шуда истодааст. Аз ҷумла, танҳо соли 2019 ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи солона хеле афзуд. Теъдоди хонандагони китобхона 8,178 нафарро ташкил дода, додани адабиёт ба хонандагон барои мутолиа дар хона 10000 нусха зиёд гардид.

Айни замон дар Муассисаи давлатии “Китобонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тибби”-и Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  136,500 нусха китоби соҳавӣ маҳфуз дошта мешавад. Танҳо  давоми соли 2019  ба китобхона 521 нусха китоби нав харидорӣ  ва дастрас гардонида шуд. Ҳамасола ба хазинаи китобхона аз 450 то 520 нусха китоби нав ворид ва ба фонди электронӣ шомил  гардида, дастраси хонандагон гардонида мешаванд. Ин раванд ба хонандагони китобхона имкон медиҳад, ки китоби дилхоҳашонро таъҷилан ва таввасути феҳристҳои анъанавӣ, алифбоӣ, мураттабӣ ва мавзўӣ пайдо намоянд.

Дар  ҳақиқат то имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тиббӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуз китобҳои соҳавӣ, китобҳои бадеӣ вуҷуд надоранд. Дар ҳошияи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорат тасмим гирифтааст, ки китобхонаи хешро бо асарҳои бадеии адибони дохиливу хориҷӣ таъмин намояд. Бояд гуфт, ки ин масъала аллакай бо кӯмак ва дастгири бевоситаи муҳтарам вазир Насим Олимзода ҳалли худро ёфта истодааст ва рӯзҳои наздик асарҳои бадеӣ ба феҳристи китобхонаи вазорат ворид карда хоҳанд шуд.

Фазила Яфталиева, Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тиббӣ”-и

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 85
  • 535
  • 223,899