Аёдати ятимони кулл

Аёдати ятимони кулл
Май 29
14:38 2019

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили бошукуҳи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва дастгирии шахсони саховатманду ходимони дин кӯдакони ятими кулл ва бепарастор ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда истодаанд.

Аз ҷумла, чанде қабл бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода дар Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон ҷамъомади идона доир гардид. Нахуст Раъно Ҳошимзода ба 14 нафар ятимони кулл, ки аксарият дар муассисаҳои таълимии шаҳр таълим мегиранд, маблағҳои пулӣ тақдим намуд.

Сипас, роҳбари шаҳр 76 нафар ятимони кулл, бесаробон ва нимятимро, ки дар мактаб-интернат таълим мегиранд ба иду ҷашнҳои дар пеш истода таҳният гуфта, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри ҷомеа ёдовар шуд.

Дар ин рӯз баҳри тарбиятгирандагони мактаб-интернат дастурхони идона густурда шуда, аз ин иқдоми наҷиб хотири онҳо болида гардид.

Кӯдакони ятиму бепарастор изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити хуби таълиму тарбия баён намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 268
  • 524
  • 335,374