Баргузории Конфронси миллӣ оид ба ВНМО

Баргузории Конфронси миллӣ оид ба ВНМО
Июн 26
11:28 2018

Санаи 25 июни соли равон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency», воқеъ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, Конфронси миллӣ оид ба масъалаҳои мубрами мубориза бо сирояти ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) ва БПНМ (бемории пайдошудаи норасоии масуният) баргузор гардид.

Иқдоми мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи амалӣ намудани дастур ва супоришҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули роҳҳои нави самаранок ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ татбиқ гардид.

Дар кори Конфронси миллӣ зиёда аз 120 нафар намоянда аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Тоҷикистон, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони як қатор вазорату идораҳо, ҷомеаи дин, мутахассисони соҳаи ВНМО аз муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Дар рафти баргузории чорабинии мазкур, ҳамзамон, роҳбарият ва намояндагони ташкилоту созмонҳои амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар кори Конфронси миллӣ, инчунин шахсони калидӣ аз ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ дар муқовимат бо сирояти ВНМО фаъолона мубориза мебаранд, мутахассисон ва коршиносон аз давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.

Кори конфронси мазкурро Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба вазъи ин вабои аср ё худ ВНМО дар сайёра ва ҳолату дурнамои ин маризӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал баромад намуд.

Дар чорабинӣ маърӯзачиён оид ба масъалаҳои вазъи сироят ва мушкилоти вобаста ба ВНМО, аз ҷумла, муаммоҳои ҳуқуқӣ, ки дар ҷараёни фаъолият ба миён меоянд, ҳадафҳои нав ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии муқовимат бар зидди сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ баромад намуда, нисбати ин ва дигар мавзӯъҳои соҳавӣ мубоҳисаву машварат сурат гирифт.

Дар рафти Конфронси миллӣ қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эъломияи сиёсии СММ оид ба ВНМО ва БПНМ (солҳои 2001, 2006, 2011, 2016) пайрав буда, ба амалисозии Стратегияи Барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО ва БПНМ (ЮНЭЙДС) барои солҳои 2016-2021 «Пурзӯр намудани чорабиниҳо барои барҳамдиҳии эпидемияи БПНМ» шурӯъ кардааст. Ҳадафҳои асосии стратегияи мазкур ин барҳамдиҳии эпидемияи БПНМ дар сатҳи глобалӣ то соли 2030 мебошад.

Иштирокчиёни конфронс натиҷаҳои чорабиниҳоро оид ба муқовимат бар зидди эпидемияи ВНМО дар ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, масъалаҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии ЮНЭЙДС-ро то соли 2020 дар Тоҷикистон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти баргузории конфронс, инчунин, дар ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишасти матбуотиро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода роҳбарӣ намуда, дар рафти кори он Виней Салдана, директори ЮНЭЙДС дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон, сардорони раёсат ва роҳбарияту намояндагони муассисаҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар кори нишасти матбуотӣ, рӯзноманигорон бештар ба масоили ҳадафҳои нав ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии муқовимат бар зидди сирояти ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилот ва пайомадҳои ин маризӣ дар кишвар таваҷҷуҳ намуда, дар анҷоми чорабинӣ ба саволҳои худ аз шахсони масъул ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар рафти баргузории Конфронси миллӣ қайд гардид, ки аз рӯи маълумоти расмии оморӣ соли 2017 дар ҷумҳурӣ 1207 ҳодисаи нави сирояти ВНМО дарёфт шуда, аз моҳи январ то моҳи марти соли 2018 321 ҳодисаи нави ВНМО муайян гардидааст.

Тибқи иттилои муттахасисон, аз ҳар 3 ҳодисаи сироятёбӣ бо ВНМО 2 ҳодисаи сироят бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сурат гирифта, наздик ба 90 дарсади сироятёфтагон асосан дар синни репродуктивӣ (15- 49 сола) мебошанд. Шумораи гирифторони ВНМО соли равон 7 ҳазору 827 нафарро ташкил намуд, ки аз ин шумора 5 ҳазору 220 нафарашон бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд. Ба иловаи мутахассисон, ин намуди табобат солимии беморон ва бардавомии ҳаёти онҳоро дар давоми солҳои зиёд таъмин намуда, барои нигоҳдории қобилияти меҳнат ва пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар ҷомеа заминаи мустаҳкам мегузорад.

Хотиррасон менамоем, ки Конфронси миллӣ оид ба масъалаҳои мубрами мубориза бо ВНМО ва БПНМ субҳи 25 июн оғоз гардида, то шоми 26 июни соли равон идома меёбад. Дар кори чорабинӣ  намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони як қатор вазорату идораҳо, ҷомеаи дин, мутахассисони соҳаи ВНМО аз муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, роҳбарият ва намояндагони ташкилоту созмонҳои амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 326
  • 697
  • 210,706