БАРОИ ТАБОБАТИ ДИАБЕТИ ҚАНД ЧӢ ГУНА ҒИЗО БОЯД ИСТЕЪМОЛ КАРД?

БАРОИ ТАБОБАТИ ДИАБЕТИ ҚАНД ЧӢ ГУНА ҒИЗО БОЯД ИСТЕЪМОЛ КАРД?
Январ 10
06:33 2019

Мутобиқи таснифоти илми тибби муосир бемории қандро ба ду навъ ҷудо мекунанд: диабети қанди аз инсулин вобаста (навъи 1) ва аз инсулин новобаста (навъи 2).

Навъи дуюми диабет дар навбати худ ба ду гурўҳ тақсим мешавад: диабети қанди бо вазни муътадили бадан ва диабети қанди бо вазни барзиёди бадан (фарбеҳӣ). Дар аксар беморони гирифтори диабети қанд маҳз ҳамин ду навъи беморӣ, бештар 70%-и ҳолат ба қайд гирифта мешаванд. Дигар навъҳои диабети қанд ва ҳолату аломатҳои гуногун кам вомехӯранд.

Хатари инкишофёбии бемории диабети қанд ҳангоми мавҷудияти бемории ишемияи дил ва вайроншавии ҳосилшавии чарбҳо 2 маротиба, мавриди фарбеҳӣ – 6 ва диабети қанди ирсӣ миқдори қанд дар хун 15 маротиба меафзояд. Якҷояшавии 4 омили хавфовар имконпазирии инкишофи диабети қандро 20 маротиба зиёд мекунанд.

Ҳангоми диабети қанди навъи 2 таъйини ғизои пешгирикунанда ва табобатӣ яке аз роҳҳои муолиҷаи самараноки он мебошад. Дар ҳолати бемории диабети қанди навъи 1 ғизои табобатӣ ҳамчун омили иловагии табобат дар баробари таъйини дорувориҳо нақш мебозад.

Беморони гирифтори диабети қанд бояд дар як шаборўз 5-6 маротиба (тахминан пас аз ҳар 3 соат) бо миқдорҳои кам ғизо истеъмол намоянд. Ин барои пешгирӣ кардани сарбории зиёд ба ҳуҷайраҳои β-и бофтаҳои ҷазирачаҳои ғадуди зери меъда ҳангоми истеъмоли ҳар як ғизо ва барои таъмини азхудкунии нисбатан баробари он зарур мебошад. Тақсимоти дурусти истеъмоли ғизо аз рўйи арзиши неру чунин аст: наҳории якум – 20%; наҳории 2-юм – 10%; хўроки нисфирўзӣ – 30%; хўроки пешин – 10%; хўроки бегоҳирўзӣ – 10%; пеш аз хоб – 10%.

Парҳези умумӣ барои тамоми беморони гирифтори диабети қанд вуҷуд надорад. Ғизои табобатӣ барои ин беморӣ вобаста ба навъи диабети қанд, вазнинии ҷараён ва мавҷудияти оризаҳо таъйин мегардад.

Ҳангоми ташкили ғизои пешгирикунандаю табобатӣ барои беморони гирифтори диабети қанд дар навбати аввал тобоварӣ (толерантнокӣ) ба карбогидратҳо муайян карда мешавад. Яъне миқдори карбогидратҳое, ки ҷисм онҳоро азхуд мекунад (бе пайдо шудани қанд дар пешоб), муайян карда мешавад. Барои ин ғизои табобатии санҷиширо истифода мебаранд. Дар асоси таҷрибаи Клиникаи ғизои табобатии Муассисаи давлатии “Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ғизои Академияи илмҳои тибби Федератсияи Россия” ғизои пешгирикунандаю табобатии санҷишӣ, ки аз 300 г карбогидрат (бештар полисахаридҳо), 100 г сафеда ва 70-80 г чарб (2300 ккал) бо миқдори кофии витаминҳо ташкил ёфтааст, фармоиш мешавад. Ғизоро дар давраи муайянкунии тобоварӣ ба карбогидратҳо таъйин мекунанд. Барои баъзе беморон ин ғизои табобатӣ метавонад доимӣ бошад, зеро он ба сарфи неруи ҷисм ҷавобгўй аст. Агар пас аз таъйини ғизои табобатии санҷишӣ ҳолати бемор хуб нагардад (миқдори қанди хун паст нашавад), зарурати таъйин намудани маводҳои дорувории қандпасткунанда ба миён меояд.

Коркарди кулинарии маҳсулоти хўрокворӣ ва таомҳо: ҳамаи тамомҳо дар шакли обпаз ва буғпаз тайёр мегарданд.

Ғизои табобатӣ дорои 100 г сафеда, чарб 70-80 г, карбогидрат 300 г, арзиши неруи ғизо 2500 ккал, миқдори намаки ошӣ 8 г, вазни умумии вояи ғизо то 3 кг, моеи озод то 1,5-2 л, ҳарорати таомҳо муқаррарӣ мебошад. Миқдори истеъмоли ғизо 5-6 маротиба/рўз фармоиш мешавад.

Ба вояи ғизо маҳсулоти хўроквории гуногунро дохил мекунанд.  Қанд, мураббо, маҳсулоти қаннодӣ ва дигар ғизоҳое, ки дар таркибашон қанди зиёд доранд, аз вояи ғизо истисно мегарданд.

Вобаста ба он, ки таркиби асал то 39,1% фруктоза дорад ва он ба беморони гирифтори диабети қанд муфид аст, ба вояи ғизо ба миқдори кам – 1 қошуқӣ се маротиба/рўз тавсия мешавад.

Қандро бо ксилит ё сорбит иваз мекунанд. Миқдори асал, ксилит ё сорбитро мавриди баҳодиҳии арзиши неруи вояи ғизо ба назар гирифтан лозим аст.

Ғизои пешгирикунанда ва табобатӣ бояд аз миқдори зиёди витаминҳои гурўҳи В, кислотаи аскорбинӣ ғанӣ бошад. Аз ин рў, ба вояи ғизо маҳсулоти дорои миқдори зиёди сабӯс, замбурӯғ ворид карда мешавад. Барои беҳтар кардани кори ҷигар ба вояи ғизо творог ва ярмаи ҷав ворид менамоянд.

Баҳри беҳтар кардани нишондиҳандаҳои мубодилаи липидӣ ва системаи гемостаз (асосан, фаъолнокии зиддилахташавӣ) ба ғизои табобатӣ зиёд кардани миқдори чарбҳои табиӣ зарур мебошад.

Миқдори сафеда дар вояи ғизои беморони гирифтори диабети қанд бояд ба меъёри физиологӣ мувофиқат намояд ва зиёд намудани он вобаста ба хусусиятҳои ҷараёни беморӣ, синну сол ва касби бемор муайян мегардад.

Ба беморони гирифтори диабети қанд истеъмоли чунин ғизоҳо тавсия мешаванд:

– нони сиёҳ ва сафед дар як рўз 200-300 г;

– шўрбоҳои обпаз аз сабзавотҳо. Шўрбоҳои сабук аз гўшт ё моҳӣ бо сабзавот дар як ҳафта 1-2 маротиба;

– гўшти гов, гўсола, мурғ, хурўси мурғи марҷон дар намуди обпаз ё яхнӣ;

– навъҳои камравғани моҳӣ дар намуди обпаз;

– таом ва хўришҳо аз сабзавот ва кабудиҳо – карам, гулкарам, хўриш аз шалғам, помидор, каду, картошка, лаблабу, сабзӣ (то 200 г). Дар як шабонарўз 900-1000 г сабзавот дар шакли тару тоза ва обпаз;

– таом ва хўришҳо аз маҳсулоти лўбиёгӣ, ярма, макарон маҳдуд карда мешаванд;

– тухми нимпаз 1-2 дона/рўз дар намуди чалпак, инчунин илова ба таомҳо;

– навъҳои мева ва буттамеваҳои турш ва туршу ширин (себи антонӣ, лимў ва афлесун, қоти сурх, тути заминӣ ва ғ.) то 200 г/рўз дар шакли тару тоза ва шарбат аз онҳо;

– шир, ҷурғот, панир дар шакли табиӣ ё дар самбўсаи панирӣ. Панир, қаймоқ ба миқдори кам;

– хамира (ғайр аз намуди тунд) аз сабзавот ва шир;

– хўришиҳо аз сабзавот, моҳии камравған;

– чой, чой бо шир, қаҳваи суст, шарбати помидор, шарбатҳои мевагӣ ва буттамевагӣ аз навъҳои турш;

– равғани маска ва растанӣ дар як рўз 40 г (дар шакли табиӣ ва тайёр кардани ғизо).

Номгўйи маҳсулоти ғизоӣ метавонад тағйир ёбад, вале миқдори карбогидратҳои таркиби он бояд ба назар гирифта шаванд. Барои иваз намудани маҳсулоти ғизоӣ баҳри таъмини миқдори дурусти карбогидратҳо маҳсулоти нонӣ истифода мешавад.

Маҳсулоти нонӣ (20 г хлеби сафед дорои 12 г карбогидрат) аз рўйи миқдори карбогидратҳо баробарарзиш ба 25 г хлеби сиёҳ, 15 г шӯлаҳои марҷумакӣ, ҷавӣ, ярмаи биринҷӣ, 60-70 г картошка, 150-220 г афлесун ё мандарин, 15 г тути заминӣ, 150-170 г сабзӣ, 375 г помидор баробар аст.

Дар таъйини ғизои табобатии диабети қанд ба шахсони фарбеҳ моҳияти муолиҷаи фарбеҳиро ба назар мегиранд. (дар оянд пешниҳод мегардад).

 

Хайров Ҳ. С., директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 169
  • 202
  • 134,363