Баррасии масъалаҳои саломатии модар ва кӯдак, гепатитҳои В ва С, ва нафақаи маъюбӣ (АКС)

Баррасии масъалаҳои саломатии модар ва кӯдак, гепатитҳои В ва С, ва нафақаи маъюбӣ  (АКС)
Август 30
13:25 2019

Имрӯз, 30 августи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода, муовинони вазир Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, роҳбари Муассисаи давлатии “Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон” Алиҷон Ғоибзода, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Маҳмадшо Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, мавзӯъҳои ҷаласаро муаррифӣ намуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа сараввал  дар бораи  натиҷаи  таҳлили ҳолатҳои фавти беморон дар муассисаҳои сатҳи беморхонавии ҷумҳурӣ Давлатмурод Олимов, сардори шӯъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои сохтори беморхонавии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баромад намуд.

Қайд гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2018 ва нимсолаи аввали соли 2019 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизотҳои тиббии муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ, табобати шиддатнок, кӯмаки эҳёгарӣ ва беҳискунӣ, чораҳои  сунъии нигоҳдории ҳаёт ба беморони ҳолаташон вазнин ба як қатор муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 23 993 190 сомонӣ таҷҳизотҳои тиббӣ ва мебел (дастгоҳи рентгени рақамии беморхонавӣ, дастгоҳи флюрографияи рақамӣ, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, дефибрилятор, кашиши барқии ҷарроҳӣ ва гинекологӣ, дастгоҳи рентгении сайёр, монитори назди кати бемор, автоклав, инфузомат, перфузор, кати тиббӣ, кати функсионалӣ, миз барои муоинаи беморон, кат барои таваллуд, таҷҳизот барои буриши қайсарӣ, биксҳо, чароғи безараргардонӣ ва ғайра харидорӣ ва дастрас карда шуд.

Қайд гардид, ки бо назардошти  натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда ва ҳолати воқеии мавзӯи мавриди назар ва бо мақсади пурра муайян намудани сабаби ҳодисаҳои фавт, фарқияти ташхиси ниҳоии клиникӣ бо ташхиси паталогоанатомӣ, тибқи талабот ба роҳ мондани фаъолияти Комиссияи таҳлили ҳолатҳои марганҷомӣ зарур мебошад.

-Дар навбати худ фаъолияти мунтазам ва пурсамари комиссияи мазкур, таҳлили ҳолатҳои фавти беморон, муқоисаи ташхисҳои клиникӣ ва паталогоанатомӣ яке аз шаклҳои назорати сифати корҳои ташхисӣ ва табобатӣ буда, роҳ ва усули муҳими таъсиррасонӣ ба ташкили хизматрасонии тиббӣ, коҳиш додани ҳодисаҳои фавт, имконияти омӯзиш, такмили дониш ва малакаи  кормандони тиб мебошад,- гуфт Давлатмурод Олимов, сардори шӯъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои сохтори беморхонавии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Дар идомаи ҷаласа оид  ба таҳлили фавти модарон дар соли 2018 ва  6 моҳи соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Узоқова Уруна Ҷурабоевна, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ баромад намуд. Иброз карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи бо таваллуди зиёд боқӣ монда, дар кишвар ҳамасола зиёда аз 200 000 нафар кӯдак таваллуд мешавад. Аз ҷумла дар 6 моҳи аввали соли 2019 то ба 976 нафар кӯдак нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 зиёд таваллуд шудааст, яъне 106 436 зиндатаваллудро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфтаи Узоқова У.Ҷ., сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимот аз рӯи синну сол нишон медиҳад, ки шумораи фавт дар байни занони ҳомилаи синну соли калонтари репродуктивӣ  дар кишвар кам гардида,  тайи ду соли охир фавти модар  дар байни наврасон ба қайд гирифта нашудааст.

Дар мавзӯи вазъи пешгирӣ, ташхис ва табобати гепатитҳои вирусии намудҳои В ва С дар ҷумҳурӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳал Суҳроб Воҳидов, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва кӯмаки фаврии  тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷаласа ба ҳозирин маълумот дод.

Махсус зикр карда шуд, ки масъалаи сирояти гепатитҳои вируси В ва С дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз мушкилоти соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ эътироф гардидааст.

Номбурда аз ҷумла иброз дошт, ки тибқи Нақшаи кори мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 26 июли соли 2019, №532 гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, вазъи пешгирӣ, ташхис ва табобати гепатитҳои вирусии намуди В ва С интихобан дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти санҷиш қарор дода шуда, ҷиҳати таҳлили вазъ тибқи супориши муовини вазир-сарпарасти соҳа тавассути барқиянома саволномаи тахассусӣ ба шаҳру  ноҳия фиристода шуданд.

Дар идомаи баромади хеш Суҳроб Воҳидов, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва кӯмаки фаврии  тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  зикр намуд, ки солҳои охир ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардидааст, ки ин бо сабаби баланд шудани маърифатнокии аҳолӣ, беҳтар шудани фаъолият ва корбарии марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, бештар ва сифатан хубтар шудани таҳлилҳои озмоишгоҳӣ  (бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ) вобаста мебошад.

Вобаста ба масъалаи ба танзим даровардани бақайдгирии фавти маъюбон ва варақаҳои корношоямӣ Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумоти муфассал дод.

Номбурда иттилоъ дод, ки бо мақсади таъмини низоми ягонаи ҳуҷҷатгузорӣ барои бақайдгирии варақаҳои корношоямии муваққатӣ ва ба низом даровардани ҳисоботи омории фавти маъюбон фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 7 июни соли 2019, №411 «Дар бораи тасдиқ намудани шаклҳои ҳуҷҷатҳои тиббӣ» ба тавсиб расида, аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба иҷрокунандагон дастрас гардонида шудааст.

Дар фарҷоми ҷаласа Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳолати хатнаи кӯдакон ва роҳ надодан ба хатнаи хонагӣ, ташкили ҳуҷраҳои алоҳида барои хатнаи кӯдакон, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми додани варақаи корношоямӣ, муоинаи тиббии наваскарон, иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 «Дар бораи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ», роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо аз сардорони раёсатҳои мазкур пурсон шуда, вобаста ба масъалаҳои муоинаи никоҳшавандагон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, муоинаи мактаббачагон, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, сафарбаркунии шаҳрвандон барои ҷарроҳӣ ба хориҷи кишвар, назорати кортҳои маъюбон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 141
  • 569
  • 198,214