Баррасии натиҷаҳои таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ

Баррасии натиҷаҳои таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ
Декабр 17
15:04 2018

14 декабри соли равон Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ-2017 /ТТД/-ро муаррифӣ намуд.Таҳқиқоти мазкур бо кӯмаки молиявию техникии Агентии рушди байналмилалии ИМА, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Хазинаи нуфузи СММ (ЮНФПА) гузаронида шуд. Дар кори он директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Гулмаҳмадзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, кордори Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коварт, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Хазинаи нуфузи СММ /UNFPA/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Раҳимова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Идигул Қосимова, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ /UNICEF/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини, намояндагони шарикони рушд ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии ифтитоҳӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба дар гузаронидани таҳқиқоти мазкур, ҳамзамон ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва расонидани кӯмакҳои машваратӣ дар ҷараёни гузаронидани корҳо ва омӯзиши кормандони Агентии омор дар гузаронидани корҳои саҳроӣ ва ба Агентии иттилоотии Амрико оид ба рушди байналмилалии ЮСАИД барои расонидани кӯмакҳои молиявӣ-техникӣ ва машваратӣ, инчунин ба Хазинаи кӯдакони СММ ва Хазинаи нуфузи СММ дар Тоҷикистон барои маблағгузории молиявии иловагӣ миннатдорӣ баён намуд.

Зимни баромади хеш ӯ инчунин қайд намуд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии дуюмин таҳқиқоти тиббӣ-демографии Тоҷикистонро, ки дар соли 2017 гузаронида буд, барои ҳамаи истифодабарандагони иттилооти оморӣ пешниҳод менамояд. Ӯ изҳор намуд, ки таҳқиқоти мазкур аз моҳи август то ноябри соли равон идома ёфта, бо мақсади гирифтани маълумотҳои воқеӣ дар сатҳи умумимиллӣ оид ба масъалаҳои таваллуд, исқоти ҳамл, банақшагирии оила, фавти навзодон ва кӯдакон, солимии модару кӯдак, ғизо, ВНМО/СПИД ва бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда, ҳуқуқҳои занон ва зӯроварӣ дар хона ва дигар масъалаҳои вобаста ба солимӣ ва баҳодиҳии сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ гузаронида шудааст. Натиҷаҳои тадқиқоти тиббӣ-демографӣ-2017 барои таъмин намудани иттилооти зарурӣ барои арзёбии стратегияҳо ва барномаҳои иҷтимоии амалкунанда, ҳамчунин таҳияи барномаҳои навбатӣ оид ба вазъи демографии аҳолӣ, солимии аҳолӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур нишондиҳандаҳои “Стратегияи миллии рушд то соли 2030” ва “Ҳадафҳои рушди устувори СММ то соли 2030” ба даст оварда мешавад.

Зимни суханронӣ Зафар Гулмаҳмадзода, муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  гуфт, ки таҳқиқоти мазкур бо супориши Ҳукумати кишвар аз 5 майи 2017 аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба амал бароварда шуд.

Таъкид карда шуд, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ин таъмини иҷтимоӣ  ва шароити арзанда ба аҳолии кишвар мебошад, ки ин нукта  дар ҳамаи Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад. Аз ин рӯ, дар доираи “Стратегияи миллии рушд то соли 2030” ва барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва дар назар доштани афзалиятҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасонии соҳаи тандурустӣ дар самти аҳолӣ ба ғизои солим, коҳиш додани сатҳи фавти модару кӯдак,  коҳиш додани мубталошавӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, бемории ВНМО ва дигар бемориҳои ба ваксина идорашаванда, беҳбудӣ ва самарабахшии сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад.

Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ибрози андеша намуда, гуфт, ки таҳқиқоти мазкур метавонад барои муайян кардани самтҳои фаъолияти минбаъда заминаи мусоид фароҳам оварад.

Натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур нишон дод, ки дар давоми панҷ соли охир вазъи солимии аҳолӣ ба маротиб беҳтар шудааст. Аз ҷумла, дар ин муддат нишондиҳандаҳои фавти навзодон аз 33 ба ҳазор зиндатаваллуди соли 2012 то 27 ба ҳазор зиндатаваллуди соли 2017 ва фавти кӯдакони синни то панҷсола аз 43 ба ҳазор зиндатаваллуди соли 2017 ва фавти кӯдакони синни то панҷсола аз 43 ба ҳазор зиндатаваллуди соли 2012 то 33 ба ҳазор зиндатаваллуди соли 2017 расидааст.

Натиҷаҳои таҳқиқоти соли 2017 дар қиёс бо соли 2012 нишон медиҳад, ки дар мамлакат вазъи демографӣ, саломатии аҳолӣ ва хизматрасонии тиббӣ беҳтар шудааст. Масалан, дар таҳқиқот бақайдгирии кӯдакони то синни панҷсола низ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Агар соли 2012 шумораи кӯдакони саривақт аз қайди давлатӣ гузашта ҳамагӣ 88% буд, ин рақам  соли 2017 96%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи таҳқиқот айни замон 96%-и занон дар муассисаҳои тиббӣ -дар беморхонаҳо таваллуд мекунанд, ки ин нишондиҳанда соли 2012 88%-ро ташкил медод, ки ин аз баланд шудани маърифатнокии занон гувоҳӣ медиҳад. Тибқи тавсияи табибон фосилаи байни таваллуди кӯдак набояд аз 36 моҳ кам бошад, то кӯдак солим ба дунё ояд ва бо ғизои солим таъмин бошад, ки айни ҳол ин нишондиҳанда 26 моҳ мебошад.

Дар масъалаи камхунӣ дар байни кӯдакон ва модарон ҳамин нукта қайд гардид, ки дар маҷмуъ, дар кишвар камхунӣ дар байни кӯдакони аз 6 то 59-моҳа 42%-ро ташкил медиҳад, дар байни занон бошад,ин нишондиҳанда 41%-ро дарбар мегирад.

Яке аз роҳҳои пешгирӣ кардани гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ин эмгузаронӣ (иммунизатсия) мебошад, ки 82%-и кӯдакони аз 24 то 35-моҳа ҳама намуди ваксинаҳоро гирифтаанд. Сатҳи фарогирии иммунизатсия дар шаҳри Душанбе-71%, Суғд-92%, ВМБК-75 % ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 69%-ро ташкил медиҳанд.

Масъалаи қадпастию камвазнии кӯдакон низ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифт. Нишондиҳандаҳои қадпастию лоғарии кӯдакони синни то панҷсола, ки  дар соли 2012 дар сатҳи 26% -ро ташкил медод, ки ин аз камғизоӣ шаҳодат медиҳад, дар соли 2017 ин нишондиҳанда дар кӯдакони синни то панҷсола то ба 18% расидааст.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ду таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ солҳои 2012 ва 2017 гузаронида шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 57
  • 202
  • 118,566