Баррасии Паёми Пешвои миллат бо кормандони Агентӣ

Баррасии Паёми Пешвои миллат бо кормандони Агентӣ
Декабр 31
14:11 2018

Рӯзи 31 декабр дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони сохтори мазкур ҷаласа баргузор гардид. Нахуст роҳбари Агентии зикргардида Абдулҳаким Холзода муовини вазири тандурустӣ ва ҳифз иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшедро бино ба ташриф оварданаш хайрамақдам намуда, риштаи суханро ба Шодихон Ҷамшед дод. Шодихон Ҷамшед, муовини вазир сараввал кормандони ин ниҳодро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, барояшон хонаободӣ ва бурдбориро дар ин соли нав таманно дошт.
Ӯ зимни суҳбат бо кормандон чунин иброз намуд:
-Тавре шумо огаҳӣ доред, 26 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар Паёми навбатии худро, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон мебошад, ироа намуданд. Дар Паёми имсола Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешрафти манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Зимни суханрониашон Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.
Инчунин дар Паём қайд гардид, ки дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об аз ҷониби СММ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали неругоҳи “Роғун” ва беҳбудии назарраси муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон се дастоварди бузург дар соли 2018 ба ҳисоб мераванд.
Бо мақсади ба як кишвари индустриалӣ мубаддал кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод гардид, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд.
Ҳамзамон зимни ироаи Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд.
Дар хотимаи ҷаласа ба муносибати Соли нави мелодӣ ба кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби Абдулҳаким Холзода, роҳбари Агентӣ ва Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ба кормандон туҳфаҳои солинавӣ супорида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 65
  • 444
  • 208,239