Баррасии Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Баррасии Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
Декабр 01
09:33 2018

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо иштироки Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нишасти корӣ баргузор гардид.

Зимни вохурӣ бо кормандони соҳа масъалаи татбиқ ва пешниҳоди тағироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва иҷрои муқаррароти қонуни мазкур баррасӣ карда шуд.

Таъкид карда шуд, ки зимни иҷроиши муқаррароти Қонуни ҶТ  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  бо волидон суҳбатҳо гузаронида шуда,  ба масъалаи баланд бардоштани масъулияти падару модар бевосита ба таълиму тарбия ва нигоҳубини беморони кўдакони имконияташон маҳдуд диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Албатта,  имрўз сиёсати Ҳукумати ҶТ ба он равона гардидааст, ки  кўдакони имконияташон маҳдуд бояд дар муҳити оилавӣ таълиму тарбия ёбанд ва аз хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ дар муассисаҳои амалкунанда бархўрдор бошанд.

Масъалаи гирифторшавӣ ба нашъамандӣ низ яке аз масъалаҳои мубрами нишаст буд. Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки сатҳи мубталошавӣ  ба нашъамандӣ дар кишвар, бахусус дар байни ҷавонон  коҳиш ёфта истодааст, ҳарчанд ҳануз ҳам шумораи занони нашъаманд дар кишвар вуҷуд дорад.

Дар рафти нишаст ба масъулин дар ин самт супориш дода шуда, ҳамчунин таъкид гардид, ки аз иҷрои нақша-чорабиниҳо вобаста ба вохўрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бахшида ба рўзи Дониш- якуми сентябр, инчунин иҷроиши нақшаи чорабиниҳо вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ маълумотнома ба унвонии Вазорат пешниҳод карда шавад.

Инчунин таъкид гардид, ки корҳои  фаҳмондадиҳӣ  дар байни аҳолӣ доир ба истифодаи маводи дорувории пастсифату қалбакӣ ва муҳлаташон гузашта пурзўр карда шавад.

Ҳамзамон, ҷорӣ намудани табобат бо усули гиёҳдармонӣ дар беморхонаю осоишгоҳҳо ва омода сохтани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, риояи ҳатмии либоси ягона барои кормандони соҳаи тиб ва инчунин роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ низ дар нишаст таъкид карда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 229
  • 233
  • 109,365