Баҳодур Холназаров доктори илмҳои фарматсевтӣ шуд

Баҳодур Холназаров доктори илмҳои фарматсевтӣ шуд
Ноябр 29
10:36 2019

Директори Муассисаи давлатииОзмоишгоҳи миллии референсӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳодур Холназаров сазовори унвони доктори илмҳои фаматсевтӣ гардид. Унвони доктории ин мутахассиси варзидаи соҳаи фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби  Вазорати  илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия тасдиқ гардид.

Баҳодур Холназаров хатмкардаи факултети фарматсевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, то ба зинаи мудирияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ расидан чанд зинаи дигари роҳбарии алоқаманд ба илми тибро муваффақона тай намудааст.

Номбурда баъди хатми донишгоҳ  дар баробари фаъолияти тиббии фарматсевтӣ, инчунин, ба кори илмӣ машғул шуда, тадқиқоти чандинсолааш самар оварданд. Ҳамин тавр,  ӯ соли 2004 дар мавзӯи «Коркард ва омодасозии малҳам аз равғани эфирии субинак дар асоси бентонит» дар шаҳри Маскав рисолаи номзадии худро дифоъ намуд.

Мусаллам аст, ки пешрафти ҳар як муассиса аз бисёр ҷиҳат ба мудирияти он иртибот дорад. Баҳодур Холназаров аз ҷумлаи нафаронест, ки дар ҳар муассисае, ки фаъолят намуд, он рушд кард.

Ӯ зимни фаъолияти хеш дар Марказии давлатии илмии экспертиза, сертификасии маҳсулоти фарматсевтӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва беҳдоштӣ, маҳсулоти истеъмолии табобатию профилактикӣ ва косметикӣ дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард, аз мутахасиси оддӣ то сатҳи роҳбар фаъолият намудааст. Аз ҷумла, соли 2000-ум бо дарназардошти донишу таҷрибаи дар соҳа андухтааш ӯро Директори генералии Марказии давлатии илмии экспертиза, сертификасии маҳсулоти фарматсевтӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва беҳдоштӣ, маҳсулоти истеъмолии табобатию профилактикӣ ва косметикӣ дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард, зиёда аз 10 сол фаъолият намуд. Айни замон Баҳодур Холназаров роҳбарии Озмоишгоҳи миллии референсӣ-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бар уҳда дорад.

Маврид ба зикр аст, ки “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми апрели соли 2017 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ мавриди ифтитоҳ қарор гирифта буд.

Зикр бояд кард, ки дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гардад. Ҳамзамон, вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст

Аз нигоҳи коршиносони соҳа, низоми дорухонадорӣ маҳз дар даврони роҳбарии Баҳодур Холназаров ташкил ва ташаккул ёфт. Ҳама санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи дорухонадорӣ зери роҳбарии ӯ таҳия, пешниҳод ва қабул гардидаанд. Инчунин, маҳз дар давраи садорати Баҳодур Холназаров соҳаи фарматсевтии кишвар ба сатҳи байналмилалӣ бардошта шуд. Бидуни муболиға  Баҳодур  Холназаров яке аз поягузорони соҳаи фарматсевтии кишвар дар даврони Истиқлолият ба шумор меравад.

Унвони доктори илм муборак, Баҳодур Холназаров!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 274
  • 565
  • 207,197