Ба истифода додани ду бунгоҳи тиббии замонавӣ

Ба истифода додани ду бунгоҳи тиббии замонавӣ
Июл 02
15:55 2019

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми қаламрави мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Бахшида ба ин ҷашни миллӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон ва Агентии мазкур  дар деҳаҳои Нуробод ва Найсони ноҳия ду адад бунгоҳи тиббии замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоту воситаҳои зарурӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ, ки ҳар кадоми онҳо бо харҷи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар ин бора  дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистона иттилоъ медиҳад.

Бояд гуфт, ки дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдасти мамлакат ба хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак ва таъсиси утоқҳои хатнаи кӯдакон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

-Бунгоҳҳои тиббии мазкур бо ҷалби қувваи кории сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, дар онҳо 10 нафар мутахассиси соҳаи тиб бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд,-меафзояд манбаъ.

Хотиррасон менамоем, ки сокинони ноҳияи Дӯстӣ аз ин иқдоми шоиста ва саховатмандию бунёдкориҳои соҳибкорон ва шахсони бонанги ватандӯст изҳори қаноатмандӣ намуда, миннатдории самимии худро ба онҳо баён намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 20
  • 196
  • 165,631