Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли маводи доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш (19 АКС)

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли маводи доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш  (19 АКС)
Сентябр 28
11:17 2019

Имрӯз, 28 сентябри соли  равон дар Муассисаи давлатии “Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи  истеҳсоли маводи доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ба фаъолият оғоз намуд.

Дар расми ба истифода додани корхонаи мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, ректори Муассисаи давлатии  “Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Маҳмадшо Гулзода, Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода, Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, Сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ Салим Абдулазизов ва кормандони вазорат иштирок намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки корхонаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон вобаста ба коркарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ба истифода дода шуд.

Дар ин корхона тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахши ватании “Шираи камол” ва “Решаи ширинбия” маводҳои доруворӣ ва маводҳои фаъоли биологӣ истеҳсол мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, к дар корхонаи мазкур дастгоҳу таҷҳизотҳо барои коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ, аз ҷумла дастгоҳ барои гиёҳмайдакунӣ, гиёҳордкунӣ, банду басти халтачаҳои полоишӣ, дастгоҳи равғанкашӣ, дастгоҳҳо барои тоза кардани об,  дастгоҳҳо барои истеҳсоли шарбат ва истеҳсоли доруворӣ дар ғилофак (капсула)  ва ғайра насб карда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар корхонаи мазкур бори аввал дар кишвар маводи фаъоли биологӣ аз шираи камол “Ферулин” ва “шарбати решаи ширинбия”  дар шиша истеҳсол карда шудааст. Бағайр аз ин дар корхонаи мазкур 15 номгӯи гиёҳҳои шифобахш дар халтачаҳои полоишӣ коркард ва бастубанд гардида, истесоли равғани сиёҳҳдона, зағир ва канадонна ба роҳ монда шудааст.

Барои таъмир ва азнавсозии бино ва харидории таҷҳизотҳои зарурӣ барои истеҳсоли доруворӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахш аз ҳисоби маблағҳои марказонидашуда ва махсуси вазорат маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ харҷ гардида дар ин корхона 20 нафар мутахасисион ба ҷои кори доими ва то 100 нафар дар корҳои мавсими ҷалб мегарданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода аснои шиносоӣ бо фаъолияти корхона баҳри боз ҳам сифатан беҳтар намудани фаъолияти он ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Қобили зикр аст, ки дар табиати биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки онҳо ба саломатии инсон хеле манфиатовар мебошанд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар чандин корхонаҳои хурду калони вобаста ба коркарди гиёҳҳои шифобахш ба фаъолият оғоз намуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба коркарди гиёҳҳои  шифобахш сармашқи кори худ қарор дода,  тамоми талошу кӯшиши хешро дар ин самт равона хоҳад сохт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 27
  • 400
  • 190,071