Ба истифода додани Маркази диабети қанд

Ба истифода додани Маркази диабети қанд
Феврал 26
12:38 2020

Имрӯз, 26 феврали соли равон бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рафъат Кёксал дар шаҳри Душанбе Маркази муосири диабети қанд ба истифода дода шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба истифода додани чунин як маркази замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавиро барои табобати беморони диабети қанд самараи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) арзёбӣ намуд.

Маркази мазкур аз ҷониби Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ТИКА дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Ҳамадонӣ барои гузаронидани омӯзишҳои огоҳӣ нисбат ба шахсони гирифтори диабети қанд сохта ба истифода дода шуд. Дар марказ ба бемороне, ки аз тамоми манотиқи кишвар меоянд, толори варзишӣ, ошхона ва синфхонаи замонавӣ бо тамоми таҷҳизот таъмин ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки тибқи лоиҳа ҷиҳати осон намудани сатҳи зиндагии беморони диабети қанд аз ҷониби мутахассисони соҳа гузаронидани омӯзишҳои иттилоотӣ оид ба бемории диабети қанд ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи лоиҳаи мазкур ҷиҳати осон гардонидани сатҳи зиндагии беморони гирифтори диабети қанд аз ҷониби мутахассисони соҳа гузаронидани омӯзишҳои иттилоотӣ нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар соли 2018 шумораи гирифторони бемории диабети қанд дар мамлакат 44 018 нафар ва дар соли 2019-46 258 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 20 421 нафарашон мард ва 25 837 нафарашон зан мебошанд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ беморони диабети қанди аз инсулин вобаста 7 877 нафар ва кӯдакони то 18-сола 876 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Бо вуҷуди он, ки Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017 амал менамуд, айни замон низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба табобат фаро гирифтани беморони диабети қанд диққати махсус зоҳир менамояд.

Айни замон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 77 410 шишачаи инсулин захира карда шудааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 121
  • 715
  • 361,234