Ба Озмоишгоҳи вирусологӣ воситаҳои ташхиси коронавирус дастрас гардид

Ба Озмоишгоҳи вирусологӣ воситаҳои ташхиси коронавирус дастрас гардид
Феврал 04
15:24 2020

Субҳи 4 феврали соли равон аз ҷониби Хадамоти назорати истеъмолии Россия (Роспотребнадзор) 2000  воситаҳои ташхиси коронавирус ба Озмоишгоҳи вирусологии Сарраёсати назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид.

Айни замон озмоишгоҳҳои вирусологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳоли омодабош қарор дошта, дар мавриди пайдо шудани нафарони  гумонбар ба коронавирус  онҳо ба ташхис фаро гирифта мешаванд.

То  имрӯз  наздики 400 нафар шахсони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон воридшуда  дар беморхонаҳои  шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кулоб, Хоруғ, Хуҷанд бистарӣ ва таҳти назорати духтурон қарор доранд, ки дар миёни онҳо 37-нафарашонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил медиҳанд. Хушбахтона, пас аз ташхис дар миёни бистаришудагон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, теъдоди ҳолатҳои тасдиқгаштаи  илтиҳоби  шуш, ки ангезандааш 2019-nCoV  мебошад, рӯзи сешанбе дар Чин 20 ҳазорро ташкил додааст. Мутобиқи гузориши Созмони ҷаҳонии  тандурустӣ  шумораи ҳалокшудагон ба 425 нафар расидааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 2
  • 72
  • 392
  • 244,890