Ба қадри сулҳу оромӣ бояд бирасид ва кӯдаконро дӯст дошт

Ба қадри сулҳу оромӣ бояд бирасид ва кӯдаконро дӯст дошт
Май 07
13:21 2019

Шаби 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакони аз кишвари Ироқ ба Тоҷикистон овардашуда аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе барои аз муоина ва ташхис гузаштан ба “Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  “Харангон”-и ноҳияи Варзоб оварда шуданд.

Бо вуҷуди он, ки субҳи барвақт аз тариқи расонаҳо хабари ба Ватан омадани ин кӯдакони бегуноҳ ва аз дасти волидони гумроҳшуда ғаму андуҳу ҷафокашидаро хонда будам, вале ҳамчун салоҳияти корӣ барои шинос шудан бо ҷараёни муоина ва ташхиси ин кӯдакон ва таҳия намудани мавод доир ба вазъи саломатии онҳо ба самти “Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати “Харангон” роҳ пеш гирифтам.

Ҳарчанд саҳни ҳавлии Осоишгоҳи мазкур камодам буд, аммо дар дохили ошёнаи якуми он одамони зиёд ба назар мерасиданд. Пас аз худро муаррифӣ намудан, бароям иҷозаи акс гирифтан ва шинос шудан аз ҷараёни муоина ва ташхиси кӯдаконро доданд.

Ғайриихтиёр аз субҳ ин ҷумлаи аз гузориши радиои “Озодӣ” хондаам маро думболагир шуда, пеши назарам манзараи раҳмовареро чун навори хотира ҷилвагар менамуд: “Саҳнаи бозгашти кӯдакону наврасони тоҷик аз Ироқ хеле ҳузнангез буд. Ин кӯдаконро Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Қувайту Ироқ ҳамроҳӣ мекард. Як қисми кӯдакон, ки хеле хурдсол буданд, беист гиря мекарданд ва кормандони тиб талош менамуданд онҳоро ором кунанд”.

…Вақте барои аксгирӣ болои сари духтарчае омадам, ки хоб буд, як эҳсоси то кунун бароям ноошно дар вуҷудам тавлид шуд. Эҳсосе, ки омехтаи раҳм ва ҳамдардиро дар худ дошт. На, балки эҳсоси хиҷолатро низ дар худ дошт. Он замон дар ман чунин эҳсос тавлид шуд, ки гӯё сахт дар хиҷолат қарор гирифтам. Чунин тасаввур мекардам, ки он духтари нозанин ба ман мегуфт: “ака, ман хуни дил хӯрда истодаам, ту бошӣ маро акс мегирӣ ва ғаму андуҳи маро ба намоиш мегузорӣ”. Чӣ суханҳои сангине. Бори аввал дар умрам аз журналист буданам хиҷолат кашидам. Инсонҳо хуни дил мехуранд, дар ғаму ҳасрату ранҷ фиғону нола мебардоранд, мо журналистон ин ҳолати онҳоро навор ва акс мегирем ва барои маърази ом ба намоиш мегузорем.

Ҳуҷраи дигар: кӯдакон дар даст лухтак ва китобҳои расмдор машғули бозиянд. Вақте маро бо асбоби суратгир диданд, ҷараёни бозиашонро қатъ карда, бо тааҷҷуб ба ман нигаристанд. Ин лаҳза манзараи аксе ба хотирам омад, ки вақтҳои охир дар интернет чарх мезад ва хеле ҳаяҷоновару пурдард ва дорои як ҷаҳон маъно буд: вақте як рӯзноманигор кӯдакеро аз як кишвари ҷангзада акс гирифтан мехоҳад, он кӯдак асбоби суратгириро яроқ тасаввур карда, дастонашро боло мебардорад. Маънӣ ва мазмуни ҳамин акс кофист, ки ба қадри сулҳу оромӣ бирасид ва кӯдаконро дӯст дошт. Ин акс шояд айни замон дар ҷаҳон яке аз аксҳои машҳур ба шумор биравад, ки тавониста дунёи кӯдакони кишварҳои ҷангзадаро дар худ таҷассум намояд. Дар ҳоле кӯдакони кишварҳои пешрафта ҳатто дар дохили гавҳора худро акс мегиранд, кӯдакону наврасони кишварҳои ҷангзада ҳанӯз яроқро аз дастгоҳи аккосӣ фарқ карда наметавонанд. Магар аз ин манзара дида лаҳзаи ҳузнангезтаре аз зиндагии кӯдакони бегуноҳи кишварҳои ҷангзада ҳаст? Чаро кӯдаконе, ки бо ҳазор орзу ва бо мақсади анҷоми амалҳои нек аз ҷониби Офаридгор ҳаст карда мешаванд, аз дасти волидони гумроҳ бадбахт бишаванд? Магар кӯдакони кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳон, ки ҳанӯз аз дунё чизе надидаанд, ҳаққи хушбахт буданро надоранд? Ҳаққи бо илм ва технологияи муосири ҷаҳонӣ шинос шудан ва бо онҳо кор карданро надоранд? Фарқияти кӯдакони дар кишварҳои ноором зиндагикунанда аз кудакони дар давлатҳои дорои сулҳу суботи комил зиндагикунанда аз замин то осмонҳост.

Дар баробари дидани чашмони пур аз ғам ва пурҳасрати кӯдакон, ин ҷо лаҳза ва суханҳое буданд, ки бароям хеле хуш омаданд  ва ба гӯшам зебо садо доданд: ҳар табибе, ки кӯдаконро аз муоина ва ташхис мегузаронид, ӯ чӣ мард буд ва ё чӣ зан, онҳоро бо меҳрубонӣ “бачаҷони ман”,- гуфта ном мебурд. Эҳсоси модарона ва падаронаи ҳар табиб нисбат ба ин кӯдакон баръало мушоҳида мешуд ва ин лаҳзаи зебо дар дили кас каме ҳам  бошад, оромиро таъмин мекард.

Ҳарчанд бархе ҳамкасбони мо дар матлабҳояшон зикр намуданд, ки рӯзи ба “Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  “Харангон”овардани ин кӯдакон масъулин нагузоштанд, то бо онҳо суҳбат намоянд, вале фикр мекунам, аз ҷиҳати равонӣ низ дар чунин ҳолат бо онҳо суҳбат кардан ва аз саргузашташон суол намудан ҷоиз нест. Бо такя ба ин андеша, ҳеҷ лозим надонистам, ки ҳатто суоле ба кадоме аз ин кӯдакон  бидиҳам ва ё ҳадди ақал номашро бипурсам…

Аз осоишгоҳи мазкур баромада ба ҷои кор раҳсипор шудам. Дар нақлиёти ҷамъиятие, ки нишастам, кӯдакон бо модарҳояшон низ он ҷо буданд. Модаре сари фарзандашро сила менамуд, дигаре дар оғӯши модараш хоб буд ва севумин бо лафзи ширину зебои ба худ хос бо модараш суҳбат мекард. Он замон пеши назарам экрани телевизионро тасаввур кардам,  ки дар як тарафи он кӯдакони дар осоишгоҳ буда ва аз тарафи дигар ин кӯдакони хушбахт нишон дода мешуданд. Ин саҳна дар назарам ба мисли филм намоён гардид, ки хеле омӯзанда ва ибратбахш буд.

Имрӯз давлатҳое ҳастанд, ки шаҳрвандони худро, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок намудаанд, аз шаҳрвандии кишварашон хат мезананд.

Ба Ватан баргардонидани кӯдаконе, ки волидонашон дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия иштирок намудаанд, намунаи олии хислати инсонгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Бо ин амали инсонпарварона Пешвои миллат бори дигар исбот намуданд, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон барояшон азиз ва муқаддас аст.

Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки дар баргардонидани 84 кӯдаки тоҷик аз кишвари Ироқ саҳми Зубайдулло Зубайдзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Кувейт ва Ироқ низ хеле назаррас аст. Бо такя ба пуштибонӣ ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кордониву маҳорати баланди дипломатии эшон имкон ба миён овард, то ин кӯдакони бегуноҳ аз ранҷу азоб озод ва ба Ватан оварда шаванд.

Зубайдулло Зубайдзода айни замон яке аз сафирони дар кори худ муваффақ ба ҳисоб мераванд, ки тавонистаанд то кунун дастуру супоришҳои Ҳукумат ва Президенти кишварро сарбаландона иҷро намоянд.

Айни замон масъалаи баргардонидани занони тоҷик аз зиндонҳои  Ироқ низ миёни мақомоти марбутаи ду кишвар ба миён гузошта шудааст ва умедорем, ки вақтҳои наздик ин занони гумроҳшуда низ ба Ватан оварда шудаву зиндагии худро дар иҳотаи наздикону пайвандон идома медиҳанд.

Дарёи пуртуғёни назди Осоишгоҳ ба сангҳо бархӯрдаву бо садои ба худ хос равон аст. Талу теппаҳои гирду атрофи ин мавзеъ  қабои сабз ба бар намуда, хеле зебо ва тамошобоб ба назар мерасанд. Айни замон фасли баҳор ин ҷо хеле зебову назаррабост.

Чунин зебогӣ ва табиати назаррабо нишонаи сулҳу оромии комил дар Тоҷикистони азизамон мебошад.

Танҳо дар давлате, ки пойдевор ва бунёдаш аз  сулҳ ва оромист, метавон чунин манзараҳои зебои биҳиштиро вохурд, ки аз диданашон чашм асло сер намешавад.

Бинобар ин, фикр мекунам “Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати “Харангон” барои қабули кӯдакони аз кишвари Ироқ овардашуда хеле бамаврид ва дуруст интихоб карда шудааст. Маҳз чунин муҳити зебо метавонад дар кӯтоҳтарин муддат ин кӯдакони бегуноҳро ба худ биоварад ва ба зиндагии муқаррарӣ баргардонад.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                      ХУСРАВ  ШОҲСАИДОВ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 20
  • 196
  • 165,631