Беҳтар аз шири модар ғизои дигаре барои кӯдак нест

Беҳтар аз шири модар ғизои дигаре барои кӯдак нест
Август 16
09:20 2019

 Шири модар шираи ҷони ман аст,

Дар тамоми дард дармони ман аст.

Шири модар дар соатҳои аввали ҳаёт миллионҳо инсонро аз марг наҷот медиҳад. Он яке аз неъматҳои бузургест, ки ба инсон ҳаёт мебахшад. Инсон ба воситаи истеъмоли шири модар ба камол мерасад ва зиндагии хешро месозад.

Таваллуди кӯдак хурсандии бе ҳадду канор дар ҳаёти оила ва волидайн мебошад. Аз рӯзи аввали ҳаёт саволҳои ғизодиҳӣ, инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак, ҳолати саломатӣ ва тарбияи кӯдак ба миён меоянд.

Дар ҷомеаи имрӯз масъалаи баланд бардоштани сатҳи тахассусии табибон ва огоҳии бештари ҷомеа  дар бораи ҳифзи солимии модар  ва кӯдак аз мушкилоти умда маҳсуб меёбад.

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, дар кишвари мо низ сари вақт риоя нашудани меъёри ғизодиҳӣ ба кӯдакон, маҳдуд кардани ғизои табиӣ ва истифодаи аз меъёр бештари ғизои сунъӣ, бахусус шири хушк, фарбеҳшавии модарони қобилияти таваллуд ва баъди таваллуд  ва амсоли инҳо аз масъалаҳое мебошанд, ки дар самти таъмини ҳифзи саломатии модару кӯдак монеа эҷод мекунанд.

Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табии кўдакон гузаронида мешавад. Ин чорабинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 сар карда бо номи Ҳафтаи дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар  гузаронида мешавад. Аз 1 то 10 августи соли равон ин маърака дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Даҳаи дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар  ва таҳти шиори «Ҳуқуқҳо ва имкониятҳои волидайнро васеъ намуда, барои ғизодиҳӣ бо шири модар имконият фароҳам намоед», гузаронида  шуд.

Ҳанӯз соли 1995 собиқ роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ Ҷеймс П. Грант ғизодиҳӣ бо шири модарро «револютсия барои кӯдакон» номида, иброз дошта буд, ки таркиби сеҳрноки шири модар метавонад ҳаёти миллион нафар кӯдаконро наҷот диҳад.

Вазорати  тандурустии кишвар моҳияти  ин  масъаларо  ба  назар гирифта,  ҳанӯз соли 1994  дар соҳаи  дастгирӣ  ва  ёрӣ  дар  ғизодиҳӣ бо шири модар ба атфоли навзод корро оғоз  намуд. Аз  соли 1998  сар  карда дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи бомуваффақияти ғизодиҳӣ бо шири модар ба атфол ҷорӣ карда шуд.

Соли 1999 аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ таваллудхонаи шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе (собиқ №3) соҳиби сертификати умумиҷаҳонии  «Муносибати некбинона нисбати атфол» гардид. Ҳамин тариқ, 58 муассисаҳои  табобатию профилактикии  ҷумҳурӣ  дорои ин сертификат гардиданд. Бино ба ақидаи мутахассисони соҳа, яке аз роҳҳои баланд бардоштани малака ва дониши падару модарон нисбати тарбия ва ғизодиҳии кӯдакон  гузаронидани вохӯриҳо, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба моҳияти шири модар, тарзи дуруст додани шири модар, омӯзонидани занҳои ҳомила ва  занҳои  ширмакон  дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ дар  ин рӯзҳо мебошад. Бояд гуфт, ки дар ташвиқу тарғиботи ин ҳафта гурӯҳҳои дастгирии  ғизодиҳӣ бо шири модар саҳми калон доранд.

Дар ҳамин ҳол Санавбар Раҳматуллоева, сармутахассиси Шӯъбаи ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидайни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, фоида ва қулай будани ғизодиҳӣ бо шири модар ба кӯдакон аз тамоми ҷиҳат нисбат ба шир ё ғизоҳои сунъӣ афзалият дорад. Зеро: шири  модар барои  истеъмол  доимо  тайёр  аст,  пешакӣ  тайёр  кардани  он лозим нест: шири модар туруш ва вайрон намешавад, гарчанде ки модар чандин рӯз шири худро намаконад ҳам: шири модар арзиш надорад, (бепул дастрас мешавад),  ӯро харидорӣ намудан лозим нест: шири модар танҳо барои кӯдак муқаррар шудааст: шири модар кӯдакро аз бисёр бемориҳо эмин медорад, на фақат дар давраи кӯдакӣ, балки дар тамоми умр: ғизодиҳӣ бо шири модар ба саломатии модар низ таъсири мусбӣ дорад, ба монанди пешгирии бемориҳои саратон.

Ин ҳамсуҳбати мо оид ба хӯрокҳои сунъие, ки ба кӯдакон дода мешаванд, чунин ибрози назар намуд:

-Аз ҳар як 100 грамм шири хушке, ки ба кӯдакон дода мешавад, 34 дарсади он об буда, ба саломатии кӯдакон зарари ҷиддӣ дорад. Агар кӯдак ғизои сунъӣ гирад, пас хатари гирифторшавии он ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла  бемории  дарунравӣ  15  маротиба  зиёд  аст,  нисбат ба  кӯдаконе,  ки  бо шири модар ғизо мегиранд. Махсусан, агар кӯдакон бо пистонак ва шишача ғизои  сунъӣ  гиранд,  хатари  беморшавиашон  зиёд  мешавад,  чунки  тоза  нигоҳ доштани пистонак ва шишача хело мушкил аст. Ғизоҳои сунъӣ дорои маводи зидди сироят нестанд, аз ин рӯ кӯдаконе, ки ғизои  сунъӣ  мегиранд  тез-тез  ба  бемориҳои  дарунравӣ  гирифтор  шуда, бемории онҳо дуру дароз давом меёбад ва ин кӯдакро хеле лоғар менамояд. Оҳане, ки дар ғизоҳои сунъӣ мавҷуд аст,  пурра ба бадани кӯдак ҷаббида намешавад, аз ин рӯ кӯдаконе, ки ғизои  сунъӣ  истеъмол  менамоянд, ба бемориҳои камхунӣ гирифтор мешаванд,-афзуд ӯ.

Бино ба гуфтаи Санавбар Раҳматуллоева, сармутахассиси Шӯъбаи ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидайни вазорат, дар ширҳои сунъӣ миқдори намакҳои натрий, калтсий ва фосфор хеле зиёд мебошад, ки ин ба организми кӯдак лозим нест. Ба қадри лозима дар таркиби ғизоҳои сунъӣ витаминҳо, чарбҳои зудҳалшаванда ва сафедаҳо вуҷуд надорад, агар бошад ҳам дар вақти пухтани шир онҳо вайрон мешаванд. Сафедаҳои систин ва таурин, ки барои инкишофи  мағзи сари кӯдак лозиманд, дар таркиби ширҳои сунъӣ нестанд. Дар таркиби шири ҳайвонот линоре, ки барои ҳал намудани чарбҳо лозим мебошанд, вуҷуд надоранд. Сафедаи шири гов – казеин дар меъдаи кӯдак хеле дер ҳазм мешавад, аз ин рӯ кӯдак гуруснагиро ҳис намекунад. Дар бисёр мавридҳо ширҳои сунъӣ сабаби бемориҳои аллергикӣ мешаванд.

Тибқи таҳлили мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то синни 6 моҳагӣ таъмин намудани кӯдак бо маводи гуногуни ғизоӣ, инчунин дастрас намудани ғизоҳои сунъӣ маблағҳои калон лозим аст. Аз ин рӯ, барои як кӯдакро аз таваллуд то ба синни 6 моҳагӣ ғизо додан 60-қуттӣ ғизои сунъӣ лозим аст, ки агар  ҳар қуттӣ 80 сомониро ташкил диҳад, пас дар 6 моҳ ин рақам ба 4800 сомонӣ  баробар мешавад. Аз  таҳлили мазкур хулоса баровардан лозим аст, ки ғизои сунъӣ на танҳо ба саломатии кӯдак зарар дорад, балки аз ҷиҳати иқтисодӣ низ бар зарари оила хоҳад буд.

Таҳлилҳои  дар  муассисаҳои тиббии  ҷумҳурӣ  дар  солҳои  охир гузаронида шуда нишон медиҳанд, ки кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии  меъдаю  рӯда  ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.

Дар ҷумҳурӣ вазъи саломатии кӯдакон, фавт дар байни онҳо то синни 1-2 солагӣ ва бахусус аз бемориҳои дарунрав (бемориҳои сироятии меъдаю рӯда) ва бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустӣ мебошанд. Тадқиқоти дар ин самт гузаронида шуда собит намуданд, ки бемориҳои дар боло зикршуда бештар аз ҳама дар байни кӯдакони синни бармаҳал вомехӯранд, ки ба таври сунъӣ ё омехта ғизо мегиранд. Сабаби ин омил дар давоми 6 моҳи аввали ҳаёт ба воситаи ғизохӯрии иловагӣ ва нӯшидан (шиша, пистонак ва дигар омилҳои сироятёфта) алоқа доштани навзод ва ҳамчунин аз пистони модар маҳрум будани ӯ мебошад.

Мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ки дар як вақти муайян танҳо шири модар наметавонад ҳамаи талаботи инкишофи кӯдакро қонеъ гардонад, бинобар ин масъалаи додани ғизои иловагӣ ба миён меояд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсия медиҳад, ки ғизои иловагӣ аз 6 моҳагӣ бояд оғоз шавад, чунки дар ин синну сол ба кӯдак миқдори зиёдтари моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, карбогидратҳо, витаминҳо зарур аст. Дар тамоми мӯҳлати ворид намудани ғизои иловагӣ, бояд шири модар намуди асосии ғизо боқӣ монад, ки кӯдаки ширмак онро истеъмол менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 206
  • 444
  • 200,090