Беҳтар намудани вазъи хизматрасонии соҳаи тиб тақозои замон аст

Июл 26
11:56 2017

 Бо мақсади бароҳ мондани хизматрасонии хуби тиббӣ ба сокинон ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар шафати Беморхонаи вилоятии № 2-и шаҳри Кӯлоб сохтмони биноҳои иловагии тиббӣ дар ҳоли идомаёбӣ қарор дорад.Ба иттилои дастрас сохтмони биноҳои мазкур  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ бароҳ монда шудааст.Корҳои сохтмониро дар ин иншоот ҶДММ «Махсус»  пеш мебарад.

Ҳамзамон ҷиҳати мувофиқ ба талаботи давр гардонидани вазъи хизматрасонии тиббӣ шуъбаҳои алоҳидаи бинои асосии  Беморхонаи вилоятии № 2 низ  мавриди таъмир қарор дорад. Маврид ба зикр аст, ки  баъди ба истифода супоридани бинои нав якчанд шуъбаи дигар мавриди истифода қарор дода мешавад ва сокинони минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлон имкон пайдо мекунанд, ки дар ин беморхона аз хизматрасонии хуби тиббӣ бархӯрдор гарданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=