“Бинои озод аз тамоку”

“Бинои озод аз тамоку”
Май 31
10:23 2018

Субҳи имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади  эълон намудани бинои вазорат ҳамчун “Бинои озод аз тамоку” ҷамъомад баргузор гардид.

Иқдоми мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” рӯи даст гирифта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки нашри нави  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” санаи 02 январи соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Қабули нашри нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, мақсад аз қабули шарҳи нав кам намудани истеъмоли маҳсулоти тамоку миёни аҳолии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи солимии миллат мебошад. Шарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” ба талаботи байналмиллалӣ, бахусус Конвенсияи Қолабии Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ мутобиқ гардонида шуда, дар тадбиқи он гурӯҳи калони корӣ иборат аз намояндагони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Парлумони кишвар, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Қобили қайд аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин мақомоти давлатие, мебошад, ки бинои марказии вазоратро ҳамчун “Бинои озод аз тамоку” эълон намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 67
  • 715
  • 361,180