Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Корхонаи истеҳсоли трактори шаҳри Минск

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Корхонаи истеҳсоли трактори шаҳри Минск
Июн 29
16:30 2019

29 июн дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли трактор шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур яке аз калонтарин коргоҳҳои саноатии Ҷумҳурии Беларус буда, бо Тоҷикистон ва зиёда аз 70 давлати олам ҳамкорӣ дорад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлиии коргоҳ намунаи муосиртарин техникаҳои кишоварзии истеҳсоли Корхонаи истеҳсоли тракторҳо муаррифӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо тракторҳои корхона омодагии Тоҷикистонро барои бунёди корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои дигар, афзоиши истеҳсоли трактор, истифодаи имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар ва судовар барои ҳар ду ҷониб, изҳор доштанд.

Бенёди чунин коргоҳҳои муштарак дар оянда метавонад барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, таъмини хоҷагиҳои мамлакат бо техникаи кишоварзӣ, амалӣ кардани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намояд.

Таъсиси Корхонаи бастубанди тракторҳо ва Маркази хизматрасонии техникаҳои кишоварзӣ «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко намунаи беҳтарини ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии  Беларусия мебошад.

Дар намоишгоҳ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин техникаҳои гуногунҳаҷми борбардору боркаши сохтмонӣ ва мусофирбари Корхонаи истеҳсоли мошинҳои «МАЗ»-и Ҷумҳурии Беларус муаррифӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти корхонаҳои истеҳсоли мошин даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои калони гидроэнергетикии Тоҷикистон ширкат варзида, иқтидору имконоти худро дар бозори Тоҷикистон муаррифӣ намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 20
  • 196
  • 165,631