Боздиди Саида Умарзода аз вазъи будубоши чоргоникҳо

Боздиди Саида Умарзода аз вазъи будубоши чоргоникҳо
Июн 01
13:29 2018

Субҳи имрӯз Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, бо як чамъомад ҷиҳати табрики Зарина Неъматова – сокини 22-солаи шаҳри Бохтар, ки санаи 14 майи соли равон дар  МД «Пажўҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон»  чоргоник- 3 духтар ва 1 писар таваллуд карда буд, ба таваллудхонаи №1-и  пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, ташриф оварданд.

Аҳли ҷамъомад бо сардории Саида Умарзода,  директори МД «Пажўҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» -Давлатова Гулҷаҳон, мудири бахши модаршавии бехавф ва танзими оила – Юнусова Дилрабо , Зарина Неъматоваро  ҷиҳати сазовор гардидан ба номи қаҳрамонмодар таҳният гуфтанд. Ба иттилои дастрас вазъи сиҳатии кӯдакони навзод хуб арзёбӣ мегардад.

Аз суҳбате, ки мо бо Зарина Неъматова, модари чоргоникҳо доштем, бар меомад, ки номбурда ва шавҳараш Фаррух Субҳонқулов донишчӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳастанд ва эшон аз ғамхории давлат ва ҳукумати кишвар, бахусус   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати ғамхориҳои беандоза ва муҳайё намудани шароити хуб баҳри кудакони навзоди онҳо  қаноатманд ҳастанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 242
  • 233
  • 109,378