Боз намудани синфхонаи дарсӣ дар Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина

Боз намудани синфхонаи дарсӣ дар Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина
Январ 15
09:16 2018

Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи ҲОУП дар шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдаконаи муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина барои кӯдакони гирифтори бемории сил гӯшаи дарсӣ боз карда шуд.
Зимни боздиди мо аз маркази мазкур муайян гардид, ки дар ин гӯша тамоми шароит фароҳам оварда шуда, он бо ашёи дарсӣ ва бозичаҳои кӯдакона таъмин гардидааст.
Ба иттилои дастас ҳоло дар шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона барои табобат шароити хуб фароҳам оварда шуда, боз намудани синфхонаи дарсӣ бо мақсади баланд бардоштани неруи зеҳнии кӯдакон роҳандозӣ гардидааст.
Зикр шуд, ки дар Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина 2 шуъба фаъолият дошта, шуъбаи сили устухони кӯдакона аз 10 кати хоб ва шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона аз 20 кати хоб иборат аст.
Ҳоло дар шуъбаи мазкур 15 нафар кӯдакони гирифтори бемории сили устухон ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 402
  • 1,000
  • 246,805