Бонки умумиҷаҳонӣ ба фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” баҳои баланд дод

Бонки умумиҷаҳонӣ ба фаъолияти Лоиҳаи  “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”  баҳои баланд дод
Сентябр 25
14:55 2018

Вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо намояндагони  Бонки умумиҷаҳонӣ дар  доираи сафари навбатии  онҳо ба Тоҷикистон сурат гирифт. Зимни сӯҳбати самимӣ  Насим Олимзода намояндагони Бонки умумиҷаҳониро ба кишвари офтобии мо хайрамақдам гуфта, зикр дошт, ки аз саҳми ин  хазинаи бонуфуз дар  пешрафти соҳаи тандурустӣ қаноатманд аст.

Намояндаи дафтари Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Барбара Вебер зимни вохӯрӣ аз ҷумла қайд намуд, ки  фаъолияти пурсамари лоиҳаҳои тандурустӣ аз дастригии бевоситаи роҳбарияти Вазорат дарак медиҳад. Тарафҳо зимни сӯҳбат аз фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” натиҷагирӣ  намудаву фаъолияти минбаъдаи ноҳияҳои таҷрибавиро дар  ин самт мавриди муҳокима қарор доданд. Зикр карда шуд, ки фаъолияти босамари Лоиҳа имкон медиҳад, ки пас аз ба итмом расидани он низ  мутахассисони соҳа, ки аз даврҳои махсуси омӯзишии тибби оилавӣ гузаштаанд, бо дастрасӣ ба шароитҳои арзанда метавонанд фаъолияташонро идома диҳанд.

Ҳамзамон аз тарафи Лоиҳаи номбурда 37 Маркази саломатӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Суғду Хатлон сохта ба истифода дода мешавад, ки бо тамоми лавозимоти махсусгардонидашудаи коргоҳӣ ва таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Айни ҳол як қисми ин муассисаҳо мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони қисмеи дигар дар ҳоли идомаёбӣ қарор доранд. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки муассисаҳое, ки бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ сохта ба истифода дода мешаванд, аз ҷиҳати сифат ва муҷаҳҳаз будан бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷавобгӯй ба талаботи замон буда, инчунин  аз дигар марказҳои саломатӣ бартарӣ доранд.

Намояндагони масъули Бонки умумиҷаҳонӣ дар охири  сӯҳбат қайд карданд, ки омодаанд минбаъд низ ҳамкориро бо сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ идома диҳанд. Дар навбати худ вазир Насим Олимзода иброз дошт, ки барои ҳамкориҳои дуҷониба тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, ҳамеша дар амалишавии лоиҳаҳои тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 55
  • 314
  • 109,810