Бохтар: тақдими 100 ҳазор ниқобҳои тиббии ройгон аз ҷониби соҳибкор ба муассисаҳои тандурустӣ

Бохтар: тақдими 100 ҳазор ниқобҳои тиббии ройгон аз ҷониби соҳибкор ба муассисаҳои тандурустӣ
Апрел 01
15:55 2020

Нусрат Файзуллоев, муассиси ҶСШК “Ресандаи Қурғонтеппа” ба муассисаҳои соҳаи тандурустии  шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  100 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба таври ройгон тақдим  намуд.

Тавре аз Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон ба Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин соҳибкори ватанӣ  вазъи сирояти коронавирусро дар ҷаҳон ба инобат гирифта, ҷиҳати саҳм гузоштан дар пешгирии сирояти мазкур дар мамлакат 100 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба таври ройгон ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Бохтар  супорид.

Бино ба иттилои манбаъ, ниқобҳои мазкур  истеҳсоли ҶСШК “Ресандаи Қурғонтеппа” буда, 100% аз маҳсулоти пахта омода карда шудаанд. Ҳамчунин, дар корхонаи мазкур ниқобҳо аз рӯи андозаҳои гуногун, аз ҷумла барои кӯдакон низ истеҳсол карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар ҶСШК “Ресандаи Қурғонтеппа” 150 нафар мутахассисони маҳаллӣ кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора  99  фоизашонро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Айни замон корхонаи  мазкур  пурра ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ гузашта, он дар як шабонарӯз  7 ҳазор ниқоб  истеҳсол менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 8
  • 675
  • 329,570