Бунёд гардидани боз як бунгоҳии тиббии муосир дар ноҳияи Роштқалъа

Бунёд гардидани боз як бунгоҳии тиббии муосир дар ноҳияи Роштқалъа
Октябр 30
14:02 2017

Чанде қабл дар деҳаи Барҷангали ноҳияи Роштқалъа бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон   бунгоҳи нави тиббии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Ин дар ҳолест, ки деҳаи Барҷангали ноҳияи Роштқалъа  яке аз деҳоти дурафтодаи ин ноҳия ба шумор рафта, ҳаракати мошинҳои мусофиркашу  борбар дар роҳҳои ин деҳа кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ сокинони деҳа ҳангоми бемории ногаҳонӣ имкон надоштанд дар зудтарин фурсат ба табибон муроҷиат кунанд. Бунгоҳи тиббии қаблӣ   дар як бинои кӯҳна ва садамавӣ ҷой гирифта буд.

Маврид ба ёдоварист, ки  танҳо дар соли равон дар се деҳаи дурдасти ноҳияи мазкур ду бунгоҳи тиббӣ ва як маркази саломатӣ сохта шудаанд. Ҳамзамон табибони  ин бунгоҳҳо ба давраҳои омӯзишӣ ҷалб карда шудаанд ва бо барномаи «Тибби оилавӣ» шинос гардидаанд. Акнун ин табибон на танҳо дар бунгоҳи тиббӣ беморонро муолиҷа мекунанд, балки дар шароити хона низ метавонанд ба ниёзмандон кумаки тиббӣ расонанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 572
  • 675
  • 330,134