Вазири корҳои хориҷии Чин дар Конференсияи амният дар Мюнхен оид ба коронавирус сухан мегӯяд

Вазири корҳои хориҷии Чин дар Конференсияи амният дар Мюнхен оид ба коронавирус сухан мегӯяд
Феврал 13
15:00 2020

Вазири корҳои хориҷии Чин Ванг И имрӯз барои иштирок дар 56-умин Конференсияи амниятии Мюнхен ба Германия меравад. Мавзӯи асосии сухани ӯ мубориза бо коронавирус хоҳад буд. Ин хабарро рӯзи чоршанбе зимни брифинги онлайнӣ намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ген Шуанг изҳор дошт.

«Бо даъвати ҷониби Германия Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И 13-15 феврал барои иштирок дар 56-умин Конференсияи амният дар Мюнхен ва панҷумин Муколамаи стратегӣ оид ба дипломатия ва амният ба Германия меравад» -гуфт дипломат.

Ба гуфтаи вай, Конференсияи амният дар Мюнхен як форуми муҳими байналмилалӣ дар соҳаи дипломатия ва амнияти стратегӣ мебошад, ки дар он вазири корҳои хориҷӣ Ван И дар посух ба таваҷҷуҳи баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ суханронӣ мекунад.

“Вай дар бораи талошҳо ва натиҷаҳои ҳукумати Чин ва мардуми мамлакат дар мубориза бо паҳншавии намуди нави коронавирус гузориш дода, оид ба зарурати мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо эпидемия ҳарф мезанад. Мо умедворем, ки метавонем дарки амиқтар ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳониро ба даст орем”,-гуфт Ген Шуанг.

Конференсияи амнияти Мюнхен, ки аз рӯи ҳисоб 56-ум аст, 14-16 феврал дар Бавария баргузор мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 3
  • 55
  • 392
  • 244,873