Вазир пас аз Паём супоришҳои мушаххас дод

Вазир пас аз Паём супоришҳои мушаххас дод
Декабр 26
15:22 2018

Баъди нисфирӯзии 26 декабри соли равон пас аз ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ҷаласа корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур он нуктаҳое, ки доир ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Азҷумла яке аз масъалаҳои ташвишовар, ки вақтҳои охир боиси вокунишҳои зиёд ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон гардидааст, расонидани кӯмаки ёрии фаврии тиббӣ ба беморон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад. Вазир Насим Олимзода оид ба ин масъала аз вазъи мавҷудаи беморхонаҳо, таваллудхонаҳо ва шӯъбаҳои эҳёи шаҳри Душанбе ва вилояту минтақаҳо сухан ронда, ба муовинони вазир ва сардорони шӯъбаҳои дахлдори вазорат дастур дод, ки дар ин самт корро пурзӯр намоянд. Ӯ аз хусуси ҷой доштани ҳолатҳои саривақт кӯмаки фаврӣ нарасонидани табибон ба беморон, махсусан шабонгоҳон, изҳорӣ нигаронӣ намуда, аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудани ин масъала дар Паёмро масъалаи ҷиддӣ номид.

Олимзода Насим иброз намуд, ки кӯмаки фаврии тиббӣ дар ҷумҳурӣ тибқи қонуну қарорҳои мавҷуда ройгон буд ва ройгон мемонад ва инро бояд табибон дарк карда, аз худ масъулияти баланд нишон диҳанд ва нобоварии мардумро нисбати давлату Ҳукумати кишвар набояд ба миён оваранд. Вазифаи нахустини табиб ёрӣ расонидан ба шахси бемор аст, на пешниҳоди рӯйхати дурударози доруворӣ. Бояд қуттиҳои ёрии аввалияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ, новобаста аз шакли моликият, бо маводи доруворӣ ҳамеша таъмин бошанд.

-Мо дастурҳои мушаххасро оид ба кӯмаки фаврии тиббӣ дар ҷаласае, ки ба наздикӣ дар Маркази миллии тиббӣ-шаҳраки “Шифобахш” гузашта буд, ба роҳбарони муассисаҳои тиббии кишвар дода будем, вале бори дигар пас аз ироаи Паёми Пешвои миллат ба ин масъала назорати ҷиддӣ медиҳем,- изҳор намуд ӯ.

Ҳамин тавр, вазир Олимзода Н. дар ҳошияи гуфтаҳои хеш ба масъулон супориш дод, ки рӯзи 27 декабр бо роҳбарони муассисаҳои тиббии хусусӣ ва 3 январ бо муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор карда шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 606
  • 1,134
  • 329,493