Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: се моҳи рушд (АКС)

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: се моҳи рушд (АКС)
Апрел 16
16:46 2019

Имрӯз, 16 апрел ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, муовинони вазир Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Шодихон Ҷамшед, Мирҳамуддин Камолзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдуҳаким Холзода, ректорони донишгоҳҳои тиббӣ, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо иштирок намуданд.

Нахуст маърўзаи Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зерсохторҳои он дар семоҳаи якуми соли 2019 шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 31 марти соли 2019 дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд беморхонаи ноҳиявии рақами 3 бо 120 кат мавриди истифода қарор гирифт.

Барои ташхису муайян намудани бемориҳо, анҷоми бомуваффақияти ҷарроҳӣ ва дақиқ муайян кардани кори системаи дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, муоина ва табобати бемориҳои кўдакона, асаб ва дигар намуди бемориҳо 81 номгўй таҷҳизоту дастгоҳи муосири баландсифати тиббӣ ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ, истеҳсоли Ҷумҳуриии Мардумии Чин, Олмон ва Ҷопон ворид шуда, барои истифода ва дар хидмати ниёзмандон қарор додани онҳо 30 нафар мутахассиси варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ҷалб карда шудаанд.

Саида Умарзода аз ҷумла дар баромади хеш қайд намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати пурзўр намудани инфрасохтори соҳа корро идома дода, дар семоҳаи якуми соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва инвеститсионӣ ба зиёда аз 55 муассисаи тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таҷҳизоти муосир, маҷмўъҳои ҷарроҳӣ, автоклавҳо, оксигенераторҳо, инфузоматҳо, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ташхиси ултрасадо, лавозимоти луобкашанда, маводи истифодаи яккарата, яхдонҳо, нақлиёти санитарии махсусгардонидашуда (амбуланс), автомашинаҳои сабукрави тамғаи «Нива», мошинҳои боркашони махсусгардонидашуда, катҳо ва рахтҳои хоб ва ғайраро харидорӣ ва дастрас намуд.

Оид ба дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш низ фаъолияти бомаром давом дода шуд. Аз ҷумла, дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон то имрўз дар маҷмўъ, ба зиёда аз 575 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 37 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар 3 моҳи соли 2019 бошад, ба 39 нафар бемор (дар 3 моҳи соли 2018 – 26 бемор) амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 4 нафар (дар 3 моҳи соли 2018 – 2 бемор) ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд.

Инчунин, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон шўъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрўз ба 10 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шудааст. Мавриди зикр аст, ки то имрўз дар ҷумҳурӣ ба 96 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 28 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 31 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 26 нафар аз Исроил ва боқимонда аз ҷумҳуриҳои мухталиф – давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд. Дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара то имрўз ба 56 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст, ки 6 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар 3 моҳи соли 2019 дар муассисаи мазкур ба 8 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст.

Дар 3 моҳи соли 2019 дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тиббии хусусии «Ибни Сино» ва Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил дар маҷмўъ, 489 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (дар 3 моҳи соли 2018 – 468), 462 амалиёти ангиография (дар 3 моҳи соли 2018 – 338) ва 132 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (дар 3 моҳи соли 2018 – 113), инчунин, дар муассисаҳои тиббии мамлакат дар 3 моҳи соли 2019 ба 61 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ (дар 3 моҳи соли 2018 – 66) гузаронида шуданд.

Дар 3 моҳи соли 2019 53 609 нафар ҳомиладорон ба қайди назорати антенаталӣ гирифта шуда, аз ин шумора бақайдгирии саривақтӣ то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ 48 973 нафар (91,3%)-ро ташкил намуд. Ин нишондод дар вилояти Хатлон 93,7%, вилояти Суғд 94,3%, ВМКБ 87,7%, НТҶ 84,2% ва дар шаҳри Душанбе 97,6%-ро ташкил намуд.

Дар раванди пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, пешгирии таваллуди кўдакони маъюб ва дар ин самт паст намудани беморшавӣ ва маъюбӣ дар Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ дар семоҳаи аввали соли 2019 ҳамагӣ 664 нафар зан аз ташхиси фаросавтӣ гузаронида шуда, дар 59 нафар (9.0%) иллатҳои модарзодӣ муайян шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 4 то 7 марти соли 2019 чорабинии марказонидашудаи иттилоотию ташхисии «Корвони саломатӣ» таҳти шиори «Солимии модар ва кўдак дар деҳот» баҳри баланд бардоштани маърифат ва маълумотнокии аҳолӣ оид ба аломатҳои хатарноки давраи ҳомилагӣ, саривақт ошкор кардани занони ҳомила бо аворизҳои ҳомилагӣ, фарогирии онҳо бо табобат ва пешгирии фавти модар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Бояд қайд кард, ки аз ҳисоби табибони баландихтисоси марказҳои саломатии шаҳрию ноҳиявӣ ва беморхонаҳои марказӣ гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, ба ҳомилаҳои гурўҳи хавфи баланд ёрии ройгони тиббӣ расонида шуд. Ҳамагӣ 77069 нафар занону кўдакон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, ба онҳо кўмаки тиббӣ расонида шуд.

Бояд зикр кард, ки дар шабакаи муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 580 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кўдакон ташкил гардида, дар 3 моҳи соли 2019 ба 17555 нафар кўдак амалиёти хатна ба таври ройгон  гузаронида  шудааст.

Ба таъкиди Саида Умарзода, омўзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми 3 моҳи соли 2019 нишон медиҳад, ки бемориҳои вараҷа, сурхча, сироятҳои ниҳоят хавфнок, ба монанди таби хунин, вабо ва тоун  ба қайд гирифта нашудаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар иншооти зериназоратӣ оид ба риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ 6665 санҷиши нақшавӣ, ғайринақшавӣ ва такрорӣ (соли 2018, 5462 санҷиш) гузаронида шудааст, ки барои риоя нагардидани талаботи санитарию эпидемиологӣ ба 3250 нафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (соли 2018 ба 1707 нафар)  тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 476 ҳазору 005 сомонӣ (соли 2018 ба маблағи 237 ҳазору 850 сомонӣ) ҷарима баста шудааст. Инчунин, фаъолияти 919 иншоот (соли 2018,  668  иншоот) бо сабаби ҷавобгў набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 165 мавод (соли 2018 108 мавод) ирсол гардидааст, ки аз ҷумла 34 парванда барои оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, дар иншооти хўроки умумӣ ва савдо нисбати 1646 нафар шахси масъул парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ҷарима ба маблағи  436 ҳазору 888 сомонӣ таъин гардидааст, фаъолияти 232 муассисаи хўроки умумӣ ва савдо муваққатан боздошта шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 70 мавод ирсол карда шудааст.

Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳисоботи дақиқи маъюбон, маъюбоне, ки нафақаашон муваққатан ё пурра қатъ гардидаанд, фаъолият намуда, айни замон масъалаи мазкур дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар самти маблағгузории соҳа ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, таҳти №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» дар семоҳаи якуми соли 2018 ба 3 муассисаи тандурустии ҷумҳурӣ барои гузаштан ба хизматрасонии музднок ба бахшҳои ёрирасон ва шўъбаҳои беморхонавӣ иҷозат дода шуд, ки айни ҳол тибқи қарори мазкур 317 муассисаи тандурустии ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.

Гуфта шуд, ки то имрўз бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи тандурустӣ 23 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, 32 комиссияи байниҳукуматӣ амал менамояд.

Сипас, Сайдулло Маллазода – сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, Фаррух Мақсудзода – сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Хушбахт Шарифзода – сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе баромад намуда, ба саволҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Насим Олимзода посух дода, оид ба бартараф камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас гирифтанд. Аз ҷумла, вазир Насим Олимзода оид ба масъалаҳои ҳолати хатнаи кӯдакон ва роҳ надодан ба хатнаи хонагӣ, ташкили ҳуҷраҳои алоҳида барои хатнаи кӯдакон, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми додани варақаи корношоямӣ, муоинаи тиббии наваскарон, иҷроиши қарори 600, роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо аз сардорони раёсатҳои мазкур пурсон шуда, вобаста ба масъалаҳои муоинаи никоҳшавандагон, одоби муоширати табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, муоинаи мактаббачагон, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, сафарбаркунии шаҳрвандон барои ҷарроҳӣ ба хориҷи кишвар, назорати кортҳои маъюбон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ дод.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 313
  • 352
  • 188,463