ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Сентябр 06
10:41 2019

Дар асоси озмун ба раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ аз рӯи мансабҳои зерин ба кор қабул карда мешавад:

Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила:

– мутахасиси бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила (1 ҷой), маош 846,00 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.

Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:

– мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1 ҷой), маош 1026,0 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, корӣ иҷтимоӣ.

Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир:

мутахассиси пешбари Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир (1 ҷой), маош 1026,0 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.

Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ:

– сармутахассиси Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ (1 ҷой), маош 1260,0 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.

– мутахассиси шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ (1 ҷой), маош 846,0 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.

Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ:

мутахассиси пешбари Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ (1 ҷой), маош 1026,0 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.

 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод намоед:

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии (анкетаи) баҳисобгирии кадрӣ;

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

– 2 дона расми 4х6;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);

– маълумотнома аз ҷои истиқомат ва оиладорӣ;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  №038;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошед);

– маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан.

Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ва иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ва иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олӣ касби, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 Суроғаи мо: Индекс 734025  ш. Душанбе, кӯчаи  Шевченко 69,

тел. 221-19-59.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон.

Ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки аз озмун нагузаштаанд, баргардонида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 238
  • 314
  • 180,306