Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар тадбиқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент саҳми назаррас гузошт.

Март 20
09:44 2017

Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани  супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 марти соли 2017   ҷиҳати ташкил намудани ҳашарҳо, корҳои сохтмону ободонӣ, таъмири биною иншоот, тоза намудани гирду атрофи идораҳо ва ҳамзамон  саҳмгузорӣ намудан дар гулгулшукуфоии кӯчаву хиёбонҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 4, 5, 11, 12, 18 ва 19 марти соли равон дар  муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои давлатии таълимӣ, хадамотҳои назоратӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, дигар муассисаҳои соҳавии зертобеи вазорат ҳашарҳо ташкил намуда, дар корҳои сохтмону ободонӣ, таъмири биною иншоот, тоза намудани гирду атрофи идораҳои дар зертобеи худ қарор дошта мусоидат намуд. Дар ҳашарҳои баҳри ободониву гулгулшукуфоии ташкилшуда  10651 нафар кормандон ба ҳашари умумӣ баромада, дар бунёду ташкили гулгаштҳо, кабудизоркунӣ, тоза намудани гирду атрофи муассисаҳо ва корҳои ободонӣ, аз ҷумла таъмири биною иншоотҳо фаъолона иштирок намуданд.  Дар чорабинҳои мазкур  2690 бех дарахтони сояафкан ва ороишӣ,    3328 бех дарахтони мевадиҳанда, 19151 адад гулҳои гуногун шинонида шуд. Ҳамчунин  14403 м2 гирду атрофи муассисаҳо тоза карда шуда   2864 бех ниҳолхо нарм карда шуд.  Ҳамзамон 47 биною иншоот таъмир карда   92 овезаҳо васл карда шуданд.   4218 м қубурҳо тоза карда шуда   19 м3 партовҳои сахти маишӣ бароварда шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 231
  • 323
  • 17,040