Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд
Март 19
07:15 2018

Дар асоси озмун ба раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ аз рӯи мансабҳои зерин ба кор қабул карда мешаванд:

Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм:

– сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм (1 ҷой), маош 2185,50 сомонӣ;

талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ.

Бахши котибот:

– мудири бахши котибот (1ҷой), маош 1207,90 сомонӣ

талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, гуманитарӣ.

          Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила:

– мутахассиси бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила (1 ҷой), маош 733,20 сомонӣ;

– мутахассиси шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасони Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила (1 ҷой), маош 733,20 сомонӣ;

талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ.

Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ:

-мутахассиси пешбари Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ (1 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;

талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, фарматсевтӣ.

Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:

– мутахассиси пешбари Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (2 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;

талабот барои довталабон: маълумоти олии иқтисодӣ.

         Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод намоед:

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии (анкетаи) баҳисобгирии кадрӣ;

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

– 2 дона расми 4х6;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

– нусхаи  РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

– шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);

– маълумотнома аз ҷои истиқомат ва оиладорӣ;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  №038;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошед);

– маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан.

Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сардори раёсат:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

барои ишғоли мансаби мудири бахш:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби

– мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олӣ касби, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Суроғаи мо: Индекс 734025  ш. Душанбе, кӯчаи  Шевченко 69,

тел. 221-19-59.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон.

Ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки аз озмун нагузаштаанд, баргардонида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 25
  • 276
  • 92,869