Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд
Феврал 22
09:12 2019

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Дар асоси озмун ба раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ аз рўи мансабҳои зерин ба кор қабул карда мешавад:

Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кўдакон ва танзими оила:

– сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кўдакон ва танзими оила (1 ҷой), маош 2392,20 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.

Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ:

– сардори Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ (1 ҷой), маош 2392,20 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ;

– сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ (1 ҷой), маош 1260,0 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ донистани забонҳои англисӣ ва русӣ ҳатми.

Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:

– сармутахассиси шуъбаи рушди ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1 ҷой), маош 1260,0 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, корӣ иҷтимоӣ.

Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир:

сармутахассиси Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир (1 ҷой), маош 1260,0 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.

Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ:

– сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ (1 ҷой), маош 1690,20 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.

– сармутахассиси Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ (1 ҷой), маош 1260,0 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.

– мутахассиси пешбари шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ (1 ҷой), маош 1026,0 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.

– мутахассиси шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ (1 ҷой), маош 846,0 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод намоед:

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии (анкетаи) баҳисобгирии кадрӣ;

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

– 2 дона расми 4х6;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

– нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

– шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);

– маълумотнома аз ҷои истиқомат ва оиладорӣ;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  №038;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошед);

– маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан.

Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сардори раёсат:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ва иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 7 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

барои ишғоли мансаби сардори шуъба:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ва иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ва иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ва иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олӣ касби, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Суроғаи мо: Индекс 734025  ш. Душанбе, кўчаи  Шевченко 69,

тел. 221-19-59.

Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз лаҳзаи нашри эълон.

Ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки аз озмун нагузаштаанд, баргардонида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 188
  • 210
  • 172,884