Вазъи пиронсолон муҳокима гардид

Вазъи пиронсолон муҳокима гардид
Июл 23
14:41 2019

Имрӯз, 23 июли соли равон дар Маҷмааи давлатии Душанбе-Плаза оид ба “Таҳлили муқоисавии баъзе ҷанбаҳои сифати зисти пиронсолон дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2018. Даъватҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” мизи мудаввар доир гардид.

Дар кори мизи мудаввар муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, ҳамоҳангсози Бюрои аврупогии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба масъалаҳои пиршавии солим, маъюбӣ ва нигоҳубини бардавом Манферд Хубер, мудири бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” Мирзоев С. Ғ. сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов, намояндагони ташкилот ва муассисаҳои дар самти будубоши пиронсолон фаъолиятдошта ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.

Мизи мудаввари мазкур бо мақсади шиносоӣ дар бораи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонию рӯҳии пиронсолон дар Тоҷикистон, муайянкунии афзалиятҳо, мушкилиҳои асосӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, инчунин коркарди пешниҳодот ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Стратегия оид ба масъалаҳои пиронсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  баргузор гардид.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳадаф ва мақсадҳои баргузории мизи мудаввар, вазъи будубоши пиронсолон дар кишвар ва дигар паҳлуҳои мавзӯъ мухтасар баромад намуд.

Дар идомаи мизи мудаввар оид ба “Мақсад ва вазифаҳои бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон Мирзоев С.Ғ., мудири бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, оид ба “Нишондиҳандаҳои таҳлили муқоисавии вазъи иқтисодию иҷтимоии пиронсолон дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2018” Камолова С.С., номзади илмҳои тиб, ходими калони бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, сармутахассиси ғайривоҳидии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои геронтологӣ,  дар мавзӯи “Хусусиятҳои ҳолати рӯҳию равонии пиронсолон вобаста ба муҳити зист дар ҳолати имрӯза” Меликова Н., дотсенти кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дар мавзӯъи “Пешравии солим дар Аврупо: тамоюл ва сиёсат” Манферд Хубер, ҳамоҳангсози Бюрои аврупогии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба масъалаҳои пиршавии солим, маъюбӣ ва нигоҳубини бардавом баромад намуданд.

Пас аз мавзӯъҳои баррасишуда миёни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардид.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2020
ДСЧПҶШЯ
« பிப்  
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 162
  • 737
  • 276,701