Вазъи расонидани ёрии фаврӣ ва аввалияи тиббӣ баррасӣ гардид

Декабр 03
12:03 2018

1 декабри соли 2018 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Олимзода Насим Хоҷа машварати корӣ оид ба масъалаи вазъи расонидани ёрии фаврӣ ва аввалияи тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ баргузор гардид, ки дар он  ёрдамчии вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои вазорат, роҳбарони пажўҳишгоҳҳо, марказҳои миллӣ ва ҷумҳуриявӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои табобатию пешгирии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа дар баромади хеш иброз намуд, ки яке аз масъалаҳои доғи рўз, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазоратро ба ташвиш овардааст, ин сатҳу сифати расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона дар муассисаҳои табобатию пешгирии дар шаҳри Душанбе ҷойгирбуда, махсусан дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббӣ – Шифобахш” мебошад, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди нигаронӣ қарор гирифтааст.

Олимзода Н. таъкид намуд, ки ёрии аввалияи тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият, ройгон буд, ройгон аст ва ройгон боқӣ мемонад. Аз роҳбарон танҳо талаб карда мешавад, ки вазифаҳои хизматии худро содиқона иҷро намуда, кўмаки беғаразонаи худро ба аҳолӣ расонанд. Аммо, муттаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки боиси норозигии аҳолӣ ва шаҳрвандон мешаванд, бахусус,  шабонгоҳон, ҳол он ки барои расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ тамоми мавод дар муассисаи тиббӣ бояд муҳайё бошанд.

Ӯ ба роҳбарони муассисаҳои тиббӣ дастур дод, ки бо беморон ва хешовандони онҳо муомила ва муоширати хубро ба роҳ монанд, инчунин супориш дод, ки фаъолияти дорухонаҳои шабона низ, ки дар дохили муассиса фаъолият мекунанд, зери назорат гирифта шаванд.

Дар бораи ҳодисаҳои сироятёбии шаҳрвандон ба бемориҳои гепатити С, ВНМО дар муассисаҳои тандурустӣ ишора карда, Олимзода Н. қайд намуд, ки ба наздикӣ Маҷлиси намояндони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид месозад, ки он ҷазоҳои боз ҳам сахттарро нисбати табибон, ки сабабгори гирифторшавии беморон ба сироятҳои болозикр мешаванд, пешбинӣ менамояд.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Вазорат рейдҳои муштарак дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ гузаронида хоҳанд шуд.

Дар интиҳои ҷаласа, бори дигар вазир Олимзода Н. тамоми роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба хизмати софдилона даъват намуда, ба онҳо супориш дод, ки масъалаҳои баррасишударо зери назорати доимӣ ва қатъӣ қарор бидиҳанд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 221
  • 233
  • 109,357