Варшава: хоинони миллат посухҳои сазовор гирифтанд

Варшава:  хоинони миллат посухҳои сазовор гирифтанд
Сентябр 20
12:00 2019

Тавре ҳамагон иттилоъ дорем, аз 16 то 26 сентябри соли равон дар шаҳри Варшава машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)  бо иштироки  қариб 60 давлат доир гардида истодааст. Бо наздик шудани машварати навбатии солона таваҷҷуҳи доираҳои сиёсӣ ва иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ ба иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ афзоиш меёбад.

Қобили зикр аст, ки машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА яке аз бузургтарин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ дар боби арзишҳои демократӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи башар ба шумор меравад. Дар он давлатҳои узви САҲА ва даҳҳо созмонҳои миллию байналмилалӣ иштирок намуда, ҳудуди ду ҳазор вакил дар муддати ду ҳафта маҷмуаи масъалаҳои ин самтро баррасӣ мекунанд.

Дар доираи ин машварат даҳҳо нишасти умумӣ ва нишастҳои канорӣ доир мешаванд, ки ба масъалаҳои мушаххас бахшида шудаанд. Ҳар давлат мавқеи худро дар самти таъмин ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар муаррифӣ намуда, дар ин масъалаҳо гузориш медиҳад ва сиёсати худро ҳимоя мекунад. Ҳамзамон бо ин, мавқеи давлатҳои иштироккунанда метавонад аз тарафи мухолифонашон ва ё баъзе ташкилотҳои байналхалқӣ нақд шавад. Бинобар ин, фазои ин ҳамоиш маъмулан доғ шуда, он ҳар сол таваҷҷуҳи калони байналмилалӣ ва иттилоотиро ҷалб менамояд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш роҳбари ҳайати давлати мо, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода сухан гуфт. Ӯ равиши мусбати фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи уҳдадориҳо дар чаҳорчӯби таъмини ҳуқуқи инсон дар мамлакат таъкид кард.

Ёрдамчии  Президент инчунин ба масоили ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва амалисозии муштараки муваффақонаи лоиҳаҳо ва барномаҳо ишора кард.

Дар ҷаласаи макзур дигар намояндагони  расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маврид ба зикр  аст, ки дар ин ҷаласа дар баробари намояндагони расмии давлатҳои гуногуни олам, инчунин, намояндагони мухолифони кишварҳои мазкур низ иштирок менамоянд.

Тавре зикр рафт, ҷаласаи мазкур майдони озодест барои ибрози назарҳо ва таҳлилу баррасии вазъи ҳуқуқи кишварҳои гуногуни олам. Аммо, мутаассифона солҳои охир чунин ба назар мерасад, ки мухолифони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷ ба қавле дар “мушхонаҳо” ҷой гирифтаву садо баланд мекунанд, дар ҷаласаи мазкур иштирок ва то ҷое дар миёни намояндагони кишварҳои зиёд номи Тоҷикистонро паст мезананд.

Як идда кӯрнонамакон ва қадрношиносону ватанфурӯшон, ки солҳои зиёд ин ҷониб дар кишварҳои хориҷ дар сояи “ғамхорӣ”-и хоҷагони  хориҷияшон  зиндагӣ мекунанд, ноогоҳона нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар чунин ҷаласаҳои сатҳи баланд дар ҳузури намояндагони кишварҳои олам ҳар гуна суханҳои бофтаву дурӯғ ва туҳматомез мегӯянд.

Дар ҷаласаи имсолаи созмони мазкур низ роҳбари хоинон ва террористон Муҳиддин Кабирӣ бо ҳаммаслакони хеш иштирок намуд.

Тавре аз расонаҳо иттилоъ дорем, ҳайати  расмии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа бо роҳбарии ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода то имрӯз дар мавзӯъҳои мухталиф баромад намуда, ба хоинони миллат ҷавобҳои мушаххас ва дандоншикан доданд. Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа тавонист воқеияти кишварро ба иштирокчиён ба таври бояду шояд  фаҳмонад.

Намояндагони ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш дар ҷаласа баромад намуда, иброз доштанд, ки  дар кишвар ҳеҷ кас ноҳақ зиндон нашуда ва ҳар касе паси панҷара нишастааст, барои амалҳои ҷинояткорияш ба ин ҳукм сазовор гардидааст.

Барои банда ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикитон тааҷҷубовар аст, ки ин афроди ватанфурӯш бо кадом рӯ ва виҷдон ба худ раво медонанд, ки номи кишварашонро дар назди намояндагони дигар кишварҳо паст бизананд!?

Ин афрод то куҷо ба давлат ва миллати хеш хизмат намудаанд, ки нисбат ба он дар чунин ҷаласаҳои байналмилалӣ суханҳои ноҳақ ва туҳматомезро раво мебинанд?

Чаро мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз дастовардҳои кишвари худро нодида гирифта, дар чунин ҷаласаҳои сатҳи баланд аз онҳо сухан намегӯянд?

Ой мухолифони фурӯхташуда, нону намаки Ватан кӯратон кунад, агар шумо воқеан Ватани худро дӯст медоред  ва дилатон барои он месӯзад, чаро аз чунин минбарҳои сатҳи баланд аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намекунед ва иқрор намешавед, ки дар воқеъ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ кишварамон ба таври бесобиқа рушд намуд?

Ин қадар муваффақият ва дастовардҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ ба даст овард,  дар минтақа ва ҷаҳон назир надорад ва тамоми кишварҳои олам ба пешравиҳои Ватани азизи мо қоил шудаанд.

Муҳиддин Кабирӣ,  роҳбари “рамаи бузу гусфанд”, ки дар хориҷи кишвар худро “мухолиф” мешуморанд, ба ҷуз ҷамъ намудани сарвати ҳангуфт ва айшу ишрат кардан барои миллати тоҷик чӣ коре ба сомон расонидааст, ки имрӯз дар хориҷи кишвар овозаш ба мисли  “гови бешир” баланд аст?

Муҳиддин Кабирӣ, ки замони  ҳизби террористии наҳзати исломиро роҳбарӣ намуданаш пинҳонӣ ба корҳои ифлос машғул буд, имрӯз нашармида дар минбарҳои баланд аз номи ислом сухан мегӯяд ва чунин иддао пеш меорад, ки гӯё дар Тоҷикистон озодии дин вуҷуд надорад.

Ҳамчун як  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои ноҷавонмардонаи мухолифини Ҳукумати кишварро, ки дар чунин ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, бо ақидаҳои муғризона ва ноҳаққи худ нисбати Ватани хеш сухан меронанд, маҳкум менамоям.

Ба ояндаи Ватан ҳамеша бо назари нек бояд нигарист. Ояндаи Ватани хешро бояд имрӯз сохт. Ватанро наметавон бо суханҳои подарҳаво ва дурӯғ бунёд намуд. Бинобар ин, моро лозим аст, ки на бо сухан, балки бо амалҳои созандаи хеш исбот намоем, ки Ватани хешро дӯст медорем ва баҳри ободии  он тамоми талош ва кӯшиши худро равона созем.

Бовар дорам, ки намояндагони ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ва дигар иштирокчиёни ин ҷаласаи сатҳи баланд аз пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизи  мо огоҳии хуб доранд ва худ хулоса  хоҳанд баровард, ки суханҳои мухолифони Ҳукумати кишвар дурӯғ ва асоси воқеӣ надоранд.

Мо мардуми  Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сад дар сад розӣ ҳастем ва баҳри татбиқи он дар паҳлуи Сарвари давлат мебошем.

Умедворам, ки намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои минбаъадаи ҷаласаи мазкур низ бо суханҳои пурмуҳтаво баромад намуда, исбот менамоянд, ки он ҳама суханҳои подарҳаво ва таҳқиромези  душманони миллат асоси воқеӣ надоранд.

Хуршед Азизӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 27
  • 400
  • 190,071