Ватандӯстӣ ҳамчун омили ҷилавгирӣ аз терроризм

Ватандӯстӣ ҳамчун омили ҷилавгирӣ аз терроризм
Январ 08
07:55 2018

Сайфулло Сафаров – Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор

 Ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст мегӯянд дар урфият. Ватан чун ҷону тан аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кадоми мо маҳз дар асоси ин мафҳуми хеле ҳам пурсобиқа ва ҳасос орзӯ ва ҳавасҳои худро ташаккул медиҳем, ояндаи худ ва фарзандонамонро мебинем, заминаҳои маънавӣ ва қонунии мавҷудияти худро асоснок мекунем. Чунин хислати ватандӯстӣ онро ба як идиогемаи сиёсӣ табдил додааст, ки метавонад хислати хеле фаъоли созанда дошта бошад. Дар фарқият аз бисёре мафҳумҳо ватандӯстӣ ҳеҷ вақт хислати манфӣ надорад. Вале қувваҳои  бадкору  истилогар ё душманони истиқлолияти милливу давлатӣ метавонанд, ба он бо назари таҳқир нигоҳ кунанд, онро мазоқу масхара кунанд ва қувваи муттаҳидкунанда ва муқовиматкунандаи онро нодида гиранд. Ватандӯстӣ дар ҳама ҳолат монеаи вайронкорӣ ва худноогоҳии ватандорон аст, тарбиякунандаи эҳсоси устувории хислатҳои хуби ҷавонмардону ҷавонзанони далеру шуҷоъи Ватан аст. Аз ҳамин рӯ, маҳз ватандӯстӣ метавонад дар муқобили терроризм ва экстремизм ба қувваи муҳофизатии ватану таърихи он ва рӯҳияи бешикасти миллат табдил ёбад.

Агар касе ватандӯст буд дар Тоҷикистон, ҳатто дар замони ҷанги дохилӣ, худро роҳат эҳсос мекард. Агар касе ватандӯст нест ҳоло ҳам,  ки тамоми шароит барои зиндагии фаъолона ва бунёдкорона муҳайё гаштааст, аз худ ва аз Ватан норозӣ аст ва тӯъмаи осони террористону тундгароён аст. Ӯ калаванда ва бемавқеъ буда, дар ҳар лаҳза метавонад Ватанро ба пули ночизе ё имтиёзе фурӯшад. Лекин касе, ки ватани худро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ ҳатто берун аз Ватан бо ёди Ватан ва хоҳиши хизмат ба он зиндагӣ мекунад. Тоҷикистони азизи мо ва ҳамватанони мо аз мактаби бузурги санҷиши ватандӯстӣ гузаштаанд ва мо дар воқеият дидем, ки ватандӯст кист ва ватандӯстӣ чист? 26 сол пеш мардуми зиёде ин Ватанро тарк намуд. Онҳо аз терроризм дар ин Ватан тарсиданд, аз тундгароии динӣ ва фарҳангӣ ба ҳарос афтиданд ва ин Ватанро тарк намуданд. Вале барои аксарияти кулли мардуми Тоҷикистон ин Ватан хеле ширин буд. Ин ҷое буд, ки он ҷо ҳеҷ касе ғуломи касе нест, ҳеҷ касе хизматгори касе нест, ҳар нафаре дар хизмати миллат, давлат, халқи худ аст. Ин ҷо Ватани мо буд, ин Модари мо буд, ки аз касофати фарзандони беномусаш ба чунин як дард чун ҷанги ҳамватанӣ  дучор шуда буд ва ба ғайр аз худи онҳо дили касе барои он намесӯзад. Ҳамаи онҳое, ки бо ғайрату номус буданд ба Ватан баргаштанд, давраи бенониву бесомониро бо мо паси сар карданд ва имрӯз низ чун фарзандони содиқу ватандӯст пайи ба ифоқа овардани ҷомеаи Тоҷикистон, таъмини амнияту ваҳдати миллӣ саъю талош доранд. Онҳое, ки дар солҳои 90-уми асри ХХ, дар солҳои бӯҳронӣ барои рушди демократия  саъю талош варзиданд ва ҷомеаи тоталитарӣ онҳоро напазируфт, андешаҳои худро дар замони истиқлолияти давлатӣ озодона иброз намуданд ва ҷомеаро дар рӯҳияи башардӯстӣ ва созандагиву бунёдкорӣ тарбия намуданд, дар вазифаҳои давлатӣ намунаи ватандӯстиву худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нишон доданд. Ватан ҳатто дар мушкилӣ, барои ватандӯст як ҷойи роҳат бояд бошад. Ҷойе бошад, ки беҳтар аз он ҷо макони дигаре набошад. Онҳое, ки рафтанд, боз пушаймон мешаванд ва ба Ватани худашон бармегарданд. Ба мисли он шаҳрванди Украина, ки аз давлати Тоҷикистон барқарор кардани шаҳрвандии Тоҷикистонро талаб дорад. Онҳое, ки зиндагии роҳатро дар шароити хуби иҷтимоӣ мефаҳманд, дар Амрико ҳам бошанд, нороҳат мешаванд. Чунки ҳолати равонии онҳо чунин аст. Онҳо ҳамеша аз ҳамсоя, худ, Ватан норозӣ боқӣ мемонанд. Ҳатто дар Амрико ва дар кишварҳои мутараққӣ ҳам одамоне ҳастанд, ки хонаву дар надоранд. Дар истгоҳу дигар ҷойҳо хоб мекунанд. Дар Ватани мо чунин нест, шояд ягон ақлгумкарда ва ё майзадае бошад, зеро давлати миллӣ ва шаҳрвандони бовиқору боғурури он ба ин роҳ намедиҳанд. Пиронсолон ва ҷавононро зери қаноти худ мегиранд. Онҳоро бо роҳҳои қонунӣ аз худкушӣ ва мусулмонкушӣ, ки дар Сурия, Афғонистон, Ироқ, Ливия, Яман идома дорад, дур нигоҳ дошта пеши ҷинояткории сангини онҳоро бо тарғиботу ташвиқоти созанда ва табобаткунанда мегиранд.

Дар муқобили терроризм ва экстремизм мо аз ватандӯстӣ дида, ҳеҷ қувваи дигари корагареро намедонем. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа мо бояд ба таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар дошта бошем. Зеро пеши эҳсосоти бегонапарастиву даҳшатафканиро маҳз чунин ҳамкории аҳли сиёсат, илм ва санъат метавонанд гиранд. Президенти кишварамон ҳатто «Омӯхтани сабаб ва омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамонро яке аз вазифаҳои муҳимтарини олимони ҷомеашинос» донистааст. Зеро донистани хатоҳои пештара моро аз чунин хатоҳо дар оянда нигоҳ хоҳад дошт. Зеро доир ба ин масъала андешаву тадқиқоти мӯътамади олимон бояд нақши ҳалкунанда дошта бошад, то ин ки ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабори гузашта барои наслҳои ояндаи халқамон дарси ҳушёрӣ ва ибрат гарданд. То ин, ки дурӯғпароканиҳои душманони миллат ва гумроҳони роҳи сиёсат сари мардумро дар оянда боз гиҷтар накунанд. Бо дарназардошти шароити минтақа, вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва  стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин тадқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд. То имрӯз усулу асосҳо ва афзалиятҳои ин сиёсат, ки аз ҳимояти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, амнияту суботи ҷомеа ва таъмини рушди Тоҷикистон иборатанд, тағйир наёфта балки бештар мушахастар шуда ва ба шароити замон мувофиқ гаштаанд.

Муҳтаво ва ҳадафҳои сиёсати «дарҳои кушода» ва гуногунсамти ҷумҳурии мо, ки бо амалӣ намудани он давлати мо сафи дӯстони худро пайваста зиёд намудааст, ҳамоно мисли пештара боқӣ хоҳанд монд ва барои тақвияти равобити Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои дунё хизмат хоҳанд кард. Ин хислатҳо имрӯз дар шароити тезу тунд шудани вазъияти геополитикӣ  бештар коромад гаштаанд.

Мо мебинем, ки  имсол ва якчанд соли пешин пур аз таҳаввулоту рӯйдодҳои ногаҳонӣ ва дигаргун шудани асосҳои қаблан хеле устувори низоми байналмилалӣ буданд. Фақат як ҳаракати террористии байналмиллалӣ барои инсоният чӣ даҳшате  овард.

Сар задани алангаи нави мухолифату низоъҳо дар Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигари дунё, густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, шиддат гирифтани проблемаҳои экологӣ ва хуруҷи бемориҳои наву басо хатарноки сирояткунанда, коҳиш ёфтани нуфузи ниҳодҳо ва асосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ ва минтақавиро ба маротиб зиёд мегардонанд. Амният аз як тараф тақсимнашаванда бошад аз тарафи дигар хеле бисёрҷиҳата  низ мебошад. Дар доираи панҷ бастаи амниятӣ метавон қариб бист  навъи амниятро ҷудо карда, хавфу хатарҳои барҳамзанандаи онҳоро таъкид намуд. Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.

Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Президенти ҶТ ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта буд ва таъкид ҳам карда буд, ки «номи поки Исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст».

Мардум аз як тараф ба тақвияти ҳарчи бештари асли таҳаммулгароӣ таваҷҷӯҳ дошта бошад, аз тарафи дигар наметавонад куштори занону ҷавонон ва кӯдаконро дидаву дониста таҳаммул кунад, шарманда кардани Исломро, нест кардани арзишҳои волои миллӣ ва ёдгориҳои таърихиро нодида гирад. Мо бояд  мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва фарҳангиву илмпарвар таҷассум намоем ва ин фарҳангро дар муттаҳидӣ ба муқобили терроризми байналмиллалӣ истифода намоем. Дини мубини Ислом бояд ҷиҳати ҳамкории ҳамаи нерӯҳои солими башарият хизмат кунад. Бинобар ин, мо тамоми василаву воситаҳоро истифода кунем то ин, ки эҳтироми ғояву андешаҳои солиму созанда ва таҳаммули фикри якдигар тамоюли асосии дунёи имрӯз гардад, на куштору ғорат ва вайронкориву  даҳшатафканӣ.

Имрӯз  талоши якҷоя ва дастаҷамъона, эмин нигоҳ доштани сайёра ва минтақаи мо аз ин офатҳо аз ҷумлаи вазифаҳои бетаъхир ва муҳимтарини давлатҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гаштааст.

Ин вазъ аз ҳамаи мо татбиқи сиёсати санҷидаву мутавозинро тақозо мекунад, то ки кишварҳои мо ба арсаи бесуботӣ табдил нагарданд. Барои ин ватандӯстиро ба меҳвари мафкураи худ табдил доданамон зарур аст то аз терроризм ҷилавгирӣ намоем.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 31
  • 276
  • 92,875