Видеоконфронс оид ба вазъи коронавирус дар ИДМ

Видеоконфронс оид ба вазъи коронавирус дар ИДМ
Март 19
12:58 2020

Имрӯз, 19 марти соли равон миёни як қатор вазоратҳои тандурустии кишварҳои  ИДМ оид ба вазъи сирояти коронавирус дар давлактҳои минтақа видеоконфронс доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода  иштирок намуд.

Дар видеоконфронс намояндагони вазоратҳои тандурустии  Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белоруссия, Армения иштирок ва вобаста ба вазъи сирояти коронавирус дар кишварҳояшон маълумот доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз, 19 марти соли равон  дар миқёси кишварҳои  ИДМ 450 ҳолати гирифторӣ ба сирояти коронавирус, аз ҷумла дар Россия 147, Армения 110, Беларуссия 51, Молдавия 36, Қазоқистон 35, Озорбойҷон 34, Украина 16, Ӯзбекистон 18 ва дар Қирғизистон 3 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки то кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар идома иштирокчиёни видеоконференсия вобаста ба паҳлуҳои дигари масъала табодули афкор намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (беш аз 80,9 ҳазор), Италия (беш аз 35,7 ҳазор), Эрон (беш аз 17,3 ҳазор), Испания (беш аз 14,7 ҳазор), Германия (беш аз 12,3 ҳазор), ИМА (беш аз 9,4 ҳазор), Франсия (беш аз 9,1 ҳазор), Кореяи Ҷанубӣ (беш аз 8,5 ҳазор), Швейтсария (беш аз 3,1 ҳазор) ва Британияи Кабир (беш аз 2,6 ҳазор) дохил мешаванд.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 219 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 8,9 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 85,7 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,8 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 174
  • 715
  • 361,287