ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Туркия ва АМА омада буданд, муайян ва барои муоинаи тиббӣ дар беморхонаҳои вилояти Суғд ҷойгир карда шуданд

ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Туркия ва АМА омада буданд, муайян ва барои муоинаи тиббӣ дар беморхонаҳои вилояти Суғд ҷойгир карда шуданд
Март 21
10:01 2020

Шахсияти 17 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 14-15 март тавассути хатсайрҳои Истамбул – Тошканд ва Шарҷа-Тошканд аз Ҷумҳурии Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон омада буданд, муайян гардида, барои муоинаи тиббӣ дар беморхонаҳои вилояти Суғд ҷойгир карда шуданд. Дар ин бора  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шахсияти шаҳрвандони мамлакатро, ки 14-15 март тавассути хатсайри №274 Истамбул – Тошканд (16 нафар) ва 14 март тавассути хатсайри № НУ 332 Шарҷа-Тошканд (1 нафар) ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон фуруд омада, баъдан тавассути гузаргоҳи сарҳадӣ ба Тоҷикистон ворид шудаанд, муайян намуда, онҳоро барои муоинаи тиббӣ дар беморхонаҳои ҳудуди вилояти Суғд ҷойгир кард», — омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2020
ДСЧПҶШЯ
« மார்ச்  
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 253
  • 1,189
  • 279,253