ВМКБ: соҳаи тандурустӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат қарор дорад

ВМКБ: соҳаи тандурустӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат қарор дорад
Январ 14
09:05 2020

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ ҳамасола маблағгузории соҳаро афзоиш медиҳад. Ҳамзамон, қабули қонунҳо, барнома, нақша ва стратегияҳои соҳавӣ, беҳтар гардидани заминаҳои моддиву-техникии муассисаҳои табобатию профилактикӣ, дастгирии фаъолияти тибби хусусӣ аз таваҷҷӯҳи беназири Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ шаҳодат медиҳад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ соли 2019 бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва созмонҳои байналхалқӣ (ғайридавлатӣ), сохтмон, таъмир ва азнавсозии якчанд муассисаҳои таббобатию-профилактикӣ ба анҷом расида, ҳамзамон, корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.

Аз ҷумла дар ин давра сохтмони бинои нави Шабакаи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 млн. 779 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида  шуда, бо иштироки Раиси вилоят Ёдгор Файзов мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Шабакаи мазкур бо таъҷизотҳои муосири тиббӣ ва асбобу анҷоми корӣ ҷиҳозонида шуда, бо 2-адад нақлиёти ёрии таъҷилии тамғаи Тауота LAND- CRUSER  таъмин карда шуд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ сохтмони Коллеҷи тиббии замонавӣ бо толори варзишӣ  барои 240 донишҷӯ ва  хобгоҳ барои 70 ҷой дар маҳаллаи Бари шаҳри Хоруғ  бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 15 млн. 304 ҳазор сомонӣ сохта ва бо таҳҷизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, он моҳи декабри соли 2019 бо иштироки Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, дар ин давра сохтмони бинои нави Беморхонаи минтақавии Вранг бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 6 млн. 300 ҳазор  сомонӣ  оғоз  гардида, корҳои сохтмонии он идома доранд.

Қобили зикр аст, ки давоми соли сипаригашта бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири асосӣ ва азнавсозии  марказҳои саломатии ҷамоати деҳоти Вранг ба маблағи 1 млн. 360 ҳазор сомонӣ ва  Маркази саломатии Зонги ноҳияи Ишкошим бо маблағи 1 млн. 415 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуда, бо таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ таъмин ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Инчунин, дар доираи дастгирии лоиҳаи “Беҳатаркунии хизматрасонии тиббӣ” барои марказҳои номбурда 2 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дастрас гардонида шуд.

Айни замон бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони Беморхонаи замонавӣ дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон барои 70-кат ҷараён дорад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки масъалаи ба бозомузӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони соҳаи тандурустии вилоят низ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат қарор дорад.

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаи ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ аз 11 сентябри соли 2018 ва протоколи №2-и ҷаласаи ситоди сайёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2019 аз ҷониби Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 65 нафар табибон ва 74 нафар  кормандони миёнаи тибби вилоят (ҳамагӣ 139 нафар) аз давраҳои такмили ихтисос дар шаҳри Хоруғ ба таври сайёр гузаронида шуданд.

Маврид ба зикри хос аст, ки  тибқи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи таъмири муассисаҳои як қатор ноҳияҳои вилоят, аз он ҷумла ноҳияҳои  Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва шаҳри  Хоруғ ба нақша гирифта шуда, соли ҷорӣ амалӣ хоҳанд гашт.

Масъалаи таъминоти аҳолӣ бо табибон дар вилоят дар мадди назари роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, бояд гуфт, ки ҳамасола шумораи Квотаҳои Президентӣ ба донишҷӯёни вилоят барои таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар, аз ҷумла муассисаҳои тиббӣ меафзояд.

Ба ҳолати ҳозира дар муассисаҳои табобатӣ-профилактикии вилоят 491 нафар табибон ва 1971 нафар кормандони миёнаи тиб машғули кор мебошанд.

Нишондоди таъминоти аҳолӣ бо табибон (дар 10 000 аҳолӣ) 22,6 ва  кормандони дорои маълумоти миёнаи тиб ба 90, 2 баробар аст. Ба ҳолати ҳозира 16 нафар хатмкунандагони Муассисаи давлатии тиббии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино” баъди хатми донишгоҳ дар заминаи Беморхонаи вилоятӣ ва дигар муассисаҳои табобатию профлактикии вилоят аз зинаи интернатура гузашта истодаанд ва ҳамзамон 32 нафар хатмкунандагони донишгоҳи мазкур баъд аз хатми интернатура дар муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки аз ин теъдод 12 нафарашон тибқи Квотаи Президентӣ Муассисаи давлатии тиббии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино”-ро хатм намудаанд.

Айни замон дар Муассисаи давлатии тиббии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино” аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 219 донишҷӯ ва дар дигар муассисаҳои таълимию илмии зертобеи вазорат 37 нафар муҳассилини баъдидипломӣ таҳсил доранд. Аз 219 донишҷӯи Муассисаи давлатии тиббии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино” 109 нафар тибқи Квотаи Президентӣ, 51 нафар ба тариқи шартномавӣ ва 59 нафар тариқи буҷавӣ таҳсил доранд.

Муассисаҳои Хадамоти бистарикунонии вилоят дорои 1918 кати табобатӣ-профилактикӣ буда, нишондоди таъминоти аҳолӣ ба катҳои табобатӣ ба 86,0 кат дар 10 000 аҳолӣ баробар аст.

Айни замон дар ВМКБ баҳри дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  азнавсозӣ, таъмир ва тармими муассисаҳои тандурустӣ бо суръат идома дорад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 667
  • 660
  • 244,398