ВОКУНИШ: фавти беморон аз коронавирус дар Тоҷикистон асос надорад

ВОКУНИШ: фавти беморон аз коронавирус дар Тоҷикистон асос надорад
Январ 27
14:56 2020

Бо назардошти афзоиш ёфтани шумораи фавтидагон ва гирифторони бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳои  зиёд нашр гардида истодаанд, ки гӯё ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон, боиси марг ва дар беморхона бистарӣ гардидани чанд нафар гардидааст.

Пас аз нашри чунин хабарҳо шаҳрвандони зиёди мамлакат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, бо изҳори нигаронӣ пурсон шуданд, ки оё  воқеан коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст,  ё не!?

Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки то кунун дар кишвар бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, вазорат вобаста ба хабаре, ки гӯё дар ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” як нафар бо сабаби гирифтор шудан ба ин беморӣ ҷон дода,  ҳамзамон, як нафари дигар дар “беморхонаи клиникии Мансуров”  бистарӣ гардидааст,  иттилоъ медиҳад, ки он комилан ҳақиқат надорад.

Дар ҳамин ҳол Саодат Азимова, Директори Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба мо гуфт, то кунун ягон нафарро бо бемории сироятии  коронавирус ба қайд нагирифтаанд. Ӯ овозаҳоро дар мавриди бистарӣ гардидани як нафар бо сабаби гирифтор шудан ба бемории мазкур дар пажӯҳишгоҳ қатъиян рад намуд.

Ҳамзамон, Директори Маркази матбуоти “Сомон Эйр” Темур Бандишоев гуфт: “Дар робита ба иттилооте, ки имрӯз дар сомонаи www.ittiloot.com дар бораи ҳалокати эҳтимолии мусофир дар хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, самти парвоз аз Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шудааст, ширкати ҳавопаймоӣ изҳор менамояд, ки маълумоти мазкур ҳақиқат надорад. Ширкати ҳавопаймоӣ кӯшиш намуд, ки бо роҳбарияти нашрия ба алоқа барояд, аммо дар сомона рақам ва суроғае, ки нашрия метавонад ҷойгир бошад, зикр нагардидааст. Тавассути почтаи электронӣ ба нашрия мактуб ирсол гардида, талаб карда шуд, ки иттилооти бардурӯғ фавран аз сомона гирифта шавад. Аммо кӯшишҳои мазкур низ бе натиҷа монданд. Бинобар ин, ширкати ҳавопаймоӣ маҷбур аст тавассути дигар васоити ахбори омма раддия дода, ҳамзамон, аз мусофирон хоҳиш мекунад ба иттилооте, ки дар сомонаҳои шубҳанок нашр мешаванд, бовар накунанд”.

Чунин ба назар мерасад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос гурӯҳ ва  баъзе афроди алоҳида аз нашри иттилои бардурӯғ вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон манфиатдор буда, бо ин восита мехоҳанд  мардумро  тарсонанд, ё  ба ин восита манфиатҳои ғаразноки хешро ба даст оваранд.

Вазорат дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута айни замон барои ошкор ва пешгирии бемории сирояти коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро андешида, хушбахтона,  то кунун ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба он дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасос ва дур аз ҳақиқат бовар накарда,  дар ҳолати пайдо шудани савол оид ба ин масъала метавонанд ба  Маркази матбуоти вазорат бо рақами  446006002 тамос гиранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 113
  • 715
  • 361,226