Вохурии Раиси вилояти Суғд бо кормандони соҳаи тибби вилоят вобаста ба рӯзи «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Вохурии Раиси вилояти Суғд бо кормандони соҳаи тибби вилоят вобаста ба рӯзи «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Август 17
12:47 2017

Дирӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба  «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мутахассисони соҳаи тандурустии вилояти Суғд  машварати корӣ баргузор гардид.

Дар кори машварат роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини соҳаи тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва фаъолону собиқадорони соҳа ширкат варзиданд.

Машваратро Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳими давлатӣ маҳсуб ёфта, аз тарафи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкиму рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва беҳдошти соҳа тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегарданд.

Дар машварат оид ба вазъи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат дар самти беҳдошти соҳаи тандурустӣ дар вилоят, сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва масъалаҳои мубрами соҳа муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ маърӯза намуд. Муовини Раиси вилоят дар маърӯзаи хеш таъкид намуд, ки  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бомаром ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Ҳамзамон дар чорабинӣ таъкид гардид, ки сол аз сол   маблағгузорӣ барои соҳаи тандурустӣ афзоиш ёфта дар доираи эълон шудани соли 2016 “Соли фарди солим” дар вилояти Суғд   амалишавии беш аз 20 барномаю стратегияҳо вобаста ба солимии аҳолӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки  идома бахшидани амалишавии онҳо дар соли  2017 низ идома дорад. Маврид ба зикр аст, ки  андешидани ин ва дигар тадбирҳои  зарурӣ ҷиҳати таъминоти беморхона, марказу бунгоҳҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти ҳозиразамони тиббӣ, бунёди бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ мусоидат менамояд.

Дар машварат кормандони варзидаи соҳаи тиб, аз ҷумла ҷарроҳи Беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи С. Қутфиддинов, профессор Мубинҷон Қаҳҳоров, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Гулистон Гулсанам Пӯлодиён, сардухтури Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилоят Ҳотамҷон Маҳмудов, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Исфара Тайибиддин Муҳаммедов ва дигарон баромад намуда, барои дастгириҳои пайваста, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои табобатӣ, таъмиру тармими беморхонаҳо, марказу бунгоҳҳои тиббӣ ба Раиси вилоят арзи сипос намуданд.

Ҳамзамон, дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилоят ба 20 нафар мутахассисони варзидаи соҳа Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ба як нафар нишони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба 13 нафар ғолибони озмуни «Беҳтарин табиб ва корманди миёнаи тибби ҷавон» Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2020
ДСЧПҶШЯ
« பிப்  
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 174
  • 737
  • 276,713