Вохӯрии Насим Олимзода бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх

Вохӯрии Насим Олимзода бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх
Феврал 14
12:23 2020

Имрӯз, 14 феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх вохурӣ намуд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингхро барои ба вазифаи Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш  табрик намуда, ҳамзамон, аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Ҳиндустон, ки имрӯз дар самтҳои мухталиф хуб ба роҳ монда шудаанд, изҳори қаноатмандӣ намуд.

-Бояд қайд намоям, ки дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон «Созишномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии  оилаи  Ҷумҳурии  Ҳиндустон» 3 сентябри соли 2012 дар шаҳри Деҳлӣ  ба имзо  расидааст  ва Комиссияи  муштараки  байниҳукуматии  Тоҷикистону Ҳиндустон  оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ,  иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ  амал менамояд, ки барои иҷрои бандҳои дахлдори комиссияи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамаи чораҳоро меандешад. Ҳамзамон, тавре муайян шудааст, рӯзҳои 27-28 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии комиссия дар шаҳри Деҳлӣ ба нақша гирифта шудааст,-афзуд Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх дар навбати худ аз истиқболи гарму самимӣ ва муҳайё намудани чунин як имконияти мусоид ҷиҳати тавсеа бахшидани ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Қайд гардид, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии зиёда аз 120 ширкати истеҳсолкунандагони маводи дорувории Ҷумҳурии  Ҳиндустон  ба  миқдори зиёда аз 1000  намуди маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббиро аз қайди давлатӣ гузарониданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳар сол мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар даври омӯзиширо аз забони англисӣ мегузаранд, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонии мутахассисони тоҷик мусоидат менамояд.

Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо иброз намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 115
  • 392
  • 244,933